Jump to content

Ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ — ба ҳар як шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ кафолат дода шудааст. Ин ҳуқуқ бо роҳи ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ, тадбирҳои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва ҷаҳонгардӣ таъмин карда мешавад. Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббии пулакиро пешбинӣ мекунад ва аз ин рӯ, ривоҷи муассисаҳои тандурустии хусусӣ бояд ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад. Ҳоло ҳифзи саломатии шахс бо чораҳои гуногуни иҷтнмоию иқтисодӣ ва тиббӣ таъмин карда мешавад. Аз ҷумда, андешидани чораҳои солимгардонӣ ва пешгирии касалиҳо, дар истеҳсолот ва ҳаёти шахсӣ ташкил кардани шароити зарурии беҳдошти тиббӣ, андешидани чораҳо оид ба солимгардонии муҳити атроф, аз рӯи нақша инкишоф додани муассисаҳои тиббӣ ва кафолатҳои саноати тиббӣ, муайян кардани доруҳои бепул тақсимшаванда ва ғайраро номбар кар- дан мумкин аст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 530-531