Ҳуқуққабулкунии давлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуққабулкунии давлат — гузариши ҳукуқ ва уҳдадории як давлат ба давлати дигар мебошад. Масъалаи ҳуқуққабулкунии давлат дар чунин ҳолатҳо ба вуқӯъ меояд:

  1. Дар натиҷаи инқилоби иҷтимоӣ бо тағӣир ёфтани форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ;
  2. Пайдоиши давлатҳои нав дар натиҷаи ҳаракатҳои миллн-озодихоҳӣ;
  3. Пайдоиши якчанд давлат дар натиҷаи пош хӯрдани як давлат ва ё муттаҳид хаштани ду ва зиёда давлат ба як давлати нав;
  4. Дар натиҷаи тагӣирёбии қаламрав.

Объекти ҳуқуққабулкунии давлат мешавад: а) шартномаи байналмилалӣ; б) ҳуқуқу ӯхдадориҳои байналмилалӣ; в) сарҳад ва қаламрави давлат; г) узвият дар ташкилотҳои байналмилалӣ; д) моликияти давлат; е) бойгонӣ; ж) қарзҳои давлатӣ.

Институти ҳуқуққабулкунии давлат мувофиқи Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуққабулкунии давлат дар муносибат бо шартномаи байналмилалй» аз 23 августи соли 1978 ва Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуққабулкунии давлат дар муносибат бо моликияти давлатӣ, бойгонии давлатӣ ва қарзи давлатӣ» аз 8 апрели соли 1983 танзим карда мешавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қонуни ҳуқуқӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 531