Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҳуқуқҳои ЛГБТ дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дар Тоҷикистон муҳокимаи ошкорои масоили марбут ба ЛГБТ маъмул нест. Худи гейҳо, лесбиянҳо, бисексуалҳо ва шахсони трансгендерӣ зиндагии махфӣ доранд ва кӯшиш мекунанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб накунанд. Ҳарчанд моддаи ҷазо барои ҳамҷинсбозӣ, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ қабул шуда буд, соли 1998 бекор карда шуд, вазъи ЛГБТ дар Тоҷикистон ва муносибати ҷомеа нисбат ба онҳо аз ҳамон замон зиёд тағйир наёфтааст [1].

Вазъи ҳуқуқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муносибатҳои ҳамҷинсӣ дар Тоҷикистон соли 1998 декриминализатсия шуданд. Синни ризоияти ҷинсӣ барои ҳамҷинсӣ ва ғайриҳамҷинсӣ расман баробар мебошад.Қонунгузорӣ ҳеҷ гуна ҳимояи ҳуқуқии ЛГБТ-ро аз табъиз (дискриминатсия) дар асоси тамоюли ҷинсӣ ё ҳувияти гендерӣ пешбинӣ намекунад [2].

Трансгендерӣ расман аз ҷониби давлат эътироф намешавад ва шахсони трансгендерӣ дар Тоҷикистон ба хадамоти тиббии марбут ба тағйири ҷинс дастрасӣ надоранд, бинобар ин, маҷбур мешаванд, ки ҷарроҳии ислоҳи ҷинсро дар хориҷи кишвар анҷом диҳанд [3]. Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон имкони тағйири ҷинс дар ҳуҷҷатҳоро пешбинӣ мекунад, аммо муассисаҳои тиббӣ санадҳои расмии тасдиқкунандаро намедиҳанд. Бинобар ин, шахсони транссексуал наметавонанд ҷинси худро дар шиноснома тағйир диҳанд.

Таҷрибаи юридикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо вуҷуди декриминализатсия шудани гомосексуализм, муносибатҳои ҳамҷинсӣ аз ҷониби баъзе кормандони милитсия ҳамчун ҷиноят ҳисобида мешаванд. Милитсия аксар вақт шахсони «гумонбаршудагон»-ро барои чанд рӯз боздошт мекунад. Гейҳо ва лесбиянҳо аксар вақт мавриди таҳқир, шантаж ва тамаъҷӯӣ қарор мегиранд, аз ҷумла аз тарафи мақомот ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ [4].

5 июни соли 2014 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки ному насаб, аксҳо ва изи ангушти шахсоне, ки барои «ҷиноятҳо бар зидди ахлоқ» боздошт шудаанд ё ба бемориҳои венерикӣ гирифторанд, ба пойгоҳи махсуси додаҳо дохил карда мешаванд [5]. Сарфи назар аз набудани таърифи ҳуқуқии мафҳуми «ҷиноятҳо бар зидди ахлоқ», дар ду ҳафтаи аввали моҳи июн беш аз панҷсад нафар барои «рафтори ғайриахлоқӣ» боздошт гардиданд, ки миёни онҳо шахсони гумонбар дар фоҳишагӣ ё узвият дар ЛГБТ буданд [6]. Ҳамаи онҳо маҷбуран аз санҷиши ВНМО ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда гузаронида шуданд.

12 июн намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ба матбуот хабар дод, ки дар байни боздоштшудагон се нафар барои «рафтори ҳамҷинсгароёна» боздошт шудаанд.

18 июн созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва байналмилалӣ ба Раҳимзода муроҷиат намуда, нигарониҳои худро дар бораи маҳрум намудани боздоштшудагон аз кумаки ҳуқуқӣ ва инчунин мавридҳои шантажу зӯроварӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштанд [7].

Amnesty International Тоҷикистонро даъват кард, ки таъқиби милисияро нисбат ба ЛГБТ қатъ намояд. Ҳуқуқвайронкуниҳои инсон нисбат ба ЛГБТ дар гузорише, ки ба Кумитаи ҳуқуқи инсон Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, баррасӣ гардидааст [8].

Мавқеи ҷомеа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон мавзуъҳои марбут ба ЛГБТ одатан ошкоро муҳокима намешаванд. Аксари зикрҳои ин мавзӯъ дар расонаҳо дорои мазмуни айбдоркунанда мебошанд ва ҳар як зикри оммавӣ дар матбуот метавонад боиси афзоиши ҳассосияти ҷомеа ва афкори гомофобӣ гардад [9]. Аз ин рӯ, ҳамҷинсгароён, лесбиянҳо, бисексуалҳо ва трансгендерҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳаёти худро пинҳон доранд ва таваҷҷуҳро ба худ ҷалб накунанд, ҳатто аз наздикони худ низ пинҳон мешаванд. Аксари мардони гей ва лесбиянҳо зиндагии дугона доранд ва бо шахсони ҷинси муқобил издивоҷ мекунанд, солҳо тамоюлии ҷинсии худро махфӣ нигоҳ медоранд.

Бовар вуҷуд дорад, ки ташаккули муносибати манфии ҷомеаи тоҷик нисбат ба ЛГБТ, ки дар он нақши дин рӯз то рӯз пурзӯртар мешавад, то ҳадди зиёде аз мавқеи рӯҳониён сурат мегирад.

Муфтии олии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ошкоро муносибатҳои ҳамҷинсиро маҳкум карда, онҳоро «бадбахтӣ» номид. Ӯ инчунин кишварҳоеро, ки никоҳи ҳамҷинсиро қонунӣ кардаанд, танқид намуда, ба муқобили идеяҳои ҳомиёни ҳуқуқ, ки қабули қонунҳо барои ҳифзи ЛГБТ аз табъизро пешниҳод мекунанд, баромад кардааст [10].

Баъзе равоншиносон ва табибони тоҷик муносибаҳои ҳамҷинсиро як намуди вобастагӣ медонанд, ки бо нашъамандӣ ва майзадагӣ баробар аст ва онҳо усулҳои «муолиҷа»-ро пешниҳод мекунанд [11]. Ҳамчунин, дар бораи муносибати ноадолатона ва бадрафтории кормандони тиб нисбат ба намояндагони ЛГБТ гузоришҳо мавҷуданд [12].

Ҷадвали мухтасари ҳуқуқҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Навъи ҳуқуқ Вазъият
Муносибатҳои ҳамҷинсӣ Бале
Синни баробар барои розигии ҷинсӣ Бале
Қонунҳои зидди табъиз танҳо дар соҳаи шуғл Не
Қонунҳои зидди табъиз дар пешниҳоди молу хизматрасонӣ Не
Қонунҳои зидди табъиз дар ҳама соҳаҳо (аз ҷумла табъизи ғайримустақим, таҳрики нафрат) Не
Ақди никоҳи ҳамҷинсӣ Не
Эътирофи ҳуқуқии ҷуфтҳои ҳамҷинс Не
Ҳуқуқи фарзандхонӣ барои ҷуфтҳои ҳамҷинс Не
Фарзандхонӣ барои шахсони танҳо новобаста ба тамоюли ҷинсӣ Не
Иҷозати хидмат дар артиш барои гейҳо ва лесбиянҳо -
Ҳуқуқи тағйири ҷинси ҳуқуқӣ Бале (амалиёти ҷарроҳӣ талаб карда мешавад)
Дастрасӣ ба ЭКО (бордоркунии экстракорпоралӣ) барои лесбиянҳо Не
Модаршавии ҷойгузин (суррогатӣ) барои ҷуфтҳои гей Не
Иҷозати донории хун барои МСМ (мардон, ки бо мардон алоқаи ҷинсӣ доранд) Не