Ҳуқуқ ба манзил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқ ба манзил — ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, ки ба гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ дохил мешаванд. Тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад (моддаи 36). Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касро аз манзил маҳрум кардан манъ аст. Ғайриқонунӣ гузаронидани кофтуков, аз хона баровардан ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ дахлнопазирии манзили шахсиро халалдор мекунад ва кирдори ҷиноӣ мебошад. Ин ҳуқуқ бештар ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҷиноӣ ва мурофиаи ҷиноӣ кафолат дода мешавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 516