Jump to content

Ҳуқуқ ба маълумот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таъриф дар синф, ворид кардани мундариҷаи сиёсӣ ба маводи омӯзишӣ ё муаллимоне, ки аз нақши худ дар таълим додани донишҷӯён сӯиистифода мекунанд, хилофи ҳадафҳои таҳсилот мебошанд, ки озодии фикр ва тафаккури интиқодиро меҷӯянд.

Ҳуқуқ ба маълумот — яке аз ҳуқуқҳои асосии иҷтимоию иқтисодии шахс мебошад. Ба ҳар кас давлат таълими миёнаи умумй, миёнаи касбй ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун таълими миёнаи махсус ва олии бепулро дар муассисаҳои таълимӣ кафолат медиҳад. Ин намуди ҳуқуқ барои қонеъ гардондани талаботи шахс барои рушди ҳамаҷонибаи истеъдод, бақои зиндагӣ, баланд бардоштани дараҷаи кору сатҳи ҳаёт ва дар ин замина афзун намудани сарватҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавй барои таъмини тараққии иҷтимоию иқтиеодии давлат имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 517