Ҳуқуқ ба меҳнат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳуқуқ ба меҳнат - тибқи модцаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимой ҳангоми бекорӣ ҳақ Дорад. Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатй имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорй, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи мансубияти миллй, нажод, ранги пӯст, ҷинс, синну сол, дин, ақидаи сиёсй, маҳалли таваллуд, баромади хориҷй ё иҷтимой, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезананд, манъ аст. Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатй ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.[1]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 517