Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» (ноҳияи Айнӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” — корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани кӯҳӣ ва холисгардони тилло ва нуқра мебошад. ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ воқеъ аст.

Ифтитоҳи корхона

[вироиш | вироиши манбаъ]

5 июли соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” оғоз бахшиданд.[1]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад.

Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон - “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” сурат мегирад. Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи шарқӣ” дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи аврупо мебошад, васлу насб карда шудааст.

Иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила - истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони “Кумарғи Боло” рӯизаминӣ ва дар “Дуобаи Шарқӣ” зеризаминӣ мебошад. Дар кони “Дуобаи Шарқӣ”, ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.

Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.[2]