Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон
| Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон | |||||||||
| |||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
| Гимн[d] | |||||||||
| Пойтахт | Олмотӣ | ||||||||
| Забон(ҳо) | қазоқӣ ва русӣ | ||||||||
| Воҳиди пул | рубли шӯравӣ[d] | ||||||||
| Майдон |
| ||||||||
| Аҳолӣ | |||||||||
| Шакли ҳукмронӣ | ҷумҳурии шӯравӣ | ||||||||
Чумхурии Советии Социалистии Казокистон, ки бо номи Казокистони Советй , ҶШС Қазоқистон ё содда Қазоқистон маъруф аст, яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1936 то 1991 буд. Дар дар масохат он пас аз ҶФШСР дуюмин чумхурии калонтарин дар ИҶШС буд. Пойтахти он бо номи Алма-Ато маъруф буд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарварони Алаш-Ӯрда дар давраи Ҷанги шаҳрвандии Русия (1918—1921) дар аввал ба муқобили болшевикон баромад карданд. Баъдтар миллатчиёни қазоқ ваъдаи хифзи мухторияти Казокистонро гирифта бо болшевикон созиш карданд . Дар соли 1920 қаламрави Қазоқистон ҷумҳури сотсиалистй эълон карда шуд. Элитаи миллии қазоқ, ки асосан аз раҳбарони Алаш-Ӯрда иборат буд, ба ҳайати мақомоти маҳаллӣ дохил шуд
Дар ибтидои солҳои 1920 дар кишвар гуруснагии даҳшатборе рӯй дод, ки дар он ҷони аз 1 то 3 миллион нафар қазоқҳо ба ҳалокат расиданд.
26 августи соли 1920 Комитети Ичроияи Марказии ВЦСПС ва Шӯрои Комиссарони Халқии ҶШФСР «Дар бораи дар ҳайати ҶШФСР ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотиалистии Қирғизистон» декрет қабул карданд, ки пойтахташ дар шаҳри Оренбург, ки ба он қаламравҳои Вилояти Оқмола (Акмола), Семипалатинск, Тургай, Урал, инчунин қисматҳои вилояти Закаспий ва вилоятҳои Астрахану Оренбург, ки қазоқҳо зиндагӣ мекарданд, дохил мешуданд. Баъди ташкил ёфтани Итиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) (1922—1923) Қазоқистон хамчун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотиалистии Қирғизистон (ҶМШС Қирғизистон) ба ҳайати он дохил карда шуд.
Ин ном то соли 1925 боқи монд. Моҳи апрели соли 1925 бо қарори Анҷумани 5-уми Умумиқазоқии Шӯрои ҶМШС Қиргизистон он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотиалистии Қазоқистон номида шуд (Ба харитаи кисми осиёии ҶШС Казокистон нигаред). Пойтахт аз Оренбург ба Қизилӯрда кӯчонида шуд, ки дар солҳои 1925–1928 маркази маъмурии ҶШС Қазоқистон боқӣ монд. Пас аз он пойтахт ба Олматӣ (Алмаато) кӯчонида шуд. Соли 1936 ҶШС Қазоқистон дар хайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ҶШС) табдил дода шуд.
Соли 1928 Хукумати Шӯравӣ ҳамаи роҳбарони Қазоқистонро аз вазифахои ҳокимияти махаллӣ дур кард. Барномаи коллективонидани хоҷагии қишлоқ ба амал бароварда шуд, ки дар он мусодираи моликият ва ба колхозҳо ва совхозҳо (колхозҳо ва совхозҳо) муттаҳид намудани тамоми заминҳои корам пешбинй карда шуда буд. Фарҳанг ва тарзи зиндагии қазоқҳо дар натиҷаи барномаи давлатии кӯчонидани иҷбории қазоқҳо амалан хароб гардид.
Дар солҳои 50-ум Никита Сергеевич Хрушев маъракаи давлатиро барои азхудкунии заминхои бокира шуруъ намуд, ки мақсад аз он корам кардани заминҳои васеъ дар шимоли Қазоқистон ва Сибири Ҷанубу Ғарбӣ буд. Сарфи назар аз нокомии куллии барнома, он боиси зуд табдил додани даштҳову чарогоҳҳои шимолии Ҷумҳурии Қазоқистон ба заминҳои кишоварзии махсусгардонидашудаи гандум ва дигар зироатҳои ғалладона гардид. Инчунин дар солҳои 50-ум. дар ноҳияҳои шарқӣ ва марказии ҶШС Қазоқистон маркази пойгоҳи кайҳонӣ — космодроми Байконур барпо карда шуд . Ғайр аз ин дар наздикии шаҳр полигонҳои озмоишҳои яроқи ҳастаӣ барпо карда шуданд. Дар наздикии Семипалатинск ( Семейи хозира) ва дар шимолу шарқи кишвар минтақахои азими саноатӣ сохта шуданд.
Соли 1986 Геннадий Колбини рус Котиби якуми Ҳизби коммунисти Қазоқистон таъин шуд. Ин як тӯфони эътирозҳои ҳазорон сокини Қазоқистонро дар Алмаато барангехт, ки мухолифи барканории Динмуҳаммад Қунаев, раҳбари ин ҷумҳурӣ аз солҳои 1960-ум буданд. Теъдоди дақиқи афроди кушташуда дар ошӯби 16 декабри соли 1986, ки ҳазорон нафар ҷавонон (асосан донишҷӯён), ки дар майдони марказии Алмаато тазоҳурот карданд, то ҳол маълум нест.
Соли 1989 Колбин ба Маскав фиристода шуд ва Нурсултон Назарбоев Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон таъин шуд. Моҳи марти соли 1990 Шӯрои Олии ҶШС Казокистон Назарбоевро ба вазифаи аввалин президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб кард. Моҳи декабри соли 1991 Назарбоев дар нахустин интихоботи президентии демократӣ дар ин ҷумҳурӣ пирӯзии бешубҳа ба даст оварда, 95 дарсади овозҳоро ба даст овард. Истиқлолияти Қазоқистон дар охири ҳамон моҳ, чанде қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ эълон шуд.
Раҳбарияти ҶШС Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳбарияти олӣ аз лаҳзаи таъсисебии он то эълони истиқлолият амалӣ карда мешуд. Ҳизби коммунистии Қазоқистон дар ҳайати ҲКИШ буд.
Котибони аввали КМ ҲК Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давоми тағйирот котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раиси Шӯрои Олии ҶШСҚазоқистон интихоб шуд ва 24 апрели соли 1990 аз Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон интихоб шуд. 6 Конститутсияи ҶШС Қазоқистон низомнома дар бораи нақши роҳбарикунандаи ҳизби коммунист хориҷ карда шуд[2][3]. Ҳамин тариқ, Н. Назарбоев роҳбари ҶШС Қазоқистон буд:
- 22 июни соли 1989 — 22 феврали соли 1990 ҳамчун Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон;
- 22 феврали соли 1990 — 24 апрели соли 1990 ҳамчун котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон раиси Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон;
- 24 апрели соли 1990 — 16 декабри соли 1991 ҳамчун президенти ҶШС Қазоқистон.
Раисон Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз лаҳзаи ташкили автономияи қазоқ дар ҳайати ҶШФСР (бо номи ҶМШС Қирғизистон (1920-1925), ҶМШС Қазоқистон (1925 феврали соли 1936), ҶМШС Қазоқистон (феврал-декабри соли 1936)) роҳбарони олии расмии он раисони Кумитаи иҷроияи марказӣ буданд . Дар асл, ин вазифа ба вазифаи раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, ҷорӣ карда шуд, ки пас қабул гардидани Конститутсияи нави ИҶШС (СССР) 5 декабри соли 1936 мувофиқат мекард, ки дар натиҷаи қабули он ҷорӣ карда шуд . Аммо ҳам дар ИҶШС ва ҳам дар ҶШС Қазоқистон то соли 1938 (ташкили ҳайати нави шӯроҳои олӣ) мақомоти пешини ҳокимият фаъолият мека== Раҳбарияти ҶШС Қазоқистон ==
Роҳбарияти олӣ аз лаҳзаи таъсисебии он то эълони истиқлолият амалӣ карда мешуд Ҳизби коммунистии Қазоқистон дар ҳайати ҲКИШ.
Котибони аввали КМ ҲК Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Котибони аввали КМ ҲК Қазоқистон
Дар давоми тағйирот котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раиси Шӯрои Олии ҶШСҚазоқистон интихоб шуд ва 24 апрели соли 1990 аз Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон интихоб шуд. 6 Конститутсияи ҶШС Қазоқистон низомнома дар бораи нақши роҳбарикунандаи ҳизби коммунист хориҷ карда шуд[2][3]. Ҳамин тариқ, Н. Назарбоев роҳбари ҶШС Қазоқистон буд:
- 22 июни соли 1989 — 22 феврали соли 1990 ҳамчун Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон;
- 22 феврали соли 1990 — 24 апрели соли 1990 ҳамчун котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон раиси Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон;
- 24 апрели соли 1990 — 16 декабри соли 1991 ҳамчун президенти ҶШС Қазоқистон.
Раисон Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз лаҳзаи ташкили автономияи қазоқ дар ҳайати ҶШФСР (бо номи ҶМШС Қирғизистон (1920-1925), ҶМШС Қазоқистон (1925 феврали соли 1936), ҶМШС Қазоқистон (феврал-декабри соли 1936)) роҳбарони олии расмии он раисони Кумитаи иҷроияи марказӣ буданд . Дар асл, ин вазифа ба вазифаи раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, ҷорӣ карда шуд, ки пас қабул гардидани Конститутсияи нави ИҶШС (СССР) 5 декабри соли 1936 мувофиқат мекард, ки дар натиҷаи қабули он ҷорӣ карда шуд . Аммо ҳам дар ИҶШС ва ҳам дар ҶШС Қазоқистон то соли 1938 (ташкили ҳайати нави шӯроҳои олӣ) мақомоти пешини ҳокимият фаъолият мекрданд. Дар ҶШС Қазоқистон 15 июли соли 1938 ваколатҳо ба мақомоти нави ҳокимият дода шуданд.
- Қулумбетов Узакбай Ҷелдербоевич (11 октябри 1933-22 июни 1937)
- Салвафека Исмоил иҷрокунандаи вазифа (22 июн 7 июли соли 1937)
- Ҷангилдин Алиби Тоғҷонович иҷрокунандаи вазифа (7 июни соли 1937 28 октябри соли 1937)
- Умурзаков Нурбопа (28 октябри 1937-15 июли 1938)
Раисони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Мақоми олии қонунгузории ҶШС Қазоқистон якпалатагӣ буд Шӯрои Олӣ, ки вакилони он пас аз тасдиқи ҳатмии роҳбарияти Ҳизби Коммунисти Қазоқистон дар асоси бетағйир барои 4 сол (аз соли 1979 барои 5 сол) интихоб карда шуданд. Шӯрои Олӣ мақоми доимӣ набуд, вакилони он дар иҷлосияи чандрӯза 2-3 маротиба дар як сол ҷамъ меомаданд. Барои пешбурди корҳои маъмурии ҳаррӯза Шӯрои Олӣ, Президиуми доимоамалкунандаро интихоб мекард, ки вазифаи Раиси коллективии ҷумҳуриро иҷро мекард.
- Казакпаев, Абдисамет (17 июли 1938-2 январи 1947)
- Лукянец Иван Куприянович (3 январи 1947 20 марти 1947) (и. о.)
- Керимбоев Даниял Керимбоевич (20 марти 1947-23 январи 1954)
- Ундасинов Нуртас Дандибоевич (23 январи 1954-19 апрели 1955)
- Ташенев Ҷумъабек Аҳметвич (19 апрели 1955-20 январи 1960)
- Карибҷонов, Фазил (20 январи 1960-25 августи 1960)
- Крюкова Капитолина Николаевна (25 августи 1960 3 январи 1961) (и. о.)
- Шарипов Исогали Шарипович (3 январи 1961 - 5 апрели 1965)
- Ниезбеков Сабир Билялович (5 апрели 1965-20 декабри 1978)
- Абдуқаримов Исотай Абдуқаримович (20 декабри 1978-14 декабри 1979)
- Имошев Саттар Нурмашевич (14 декабри 1979-22 феврали 1984)
- Плотников Андрей Павлович (22 феврали соли 1984 22 марти соли 1984) (и. о.)
- Ашимов Байкен Ашимович (22 марти 1984-27 сентябри 1985)
- Мукашев Саламат Мукашевич (27 сентябри 1985-9 феврали 1988)
- Камолиденов Закаш Камолиденович (9 феврали 1988-декабри 1988)
- Сидорова Вера Василевна (декабри 1988 10 марти 1989) (и. о.)
- Сагдиев Маҳтай Рамазонович (10 марти 1989-22 феврали 1990)
Раисони Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон дар солҳои 1990-1991.
[вироиш | вироиши манбаъ]То феврали соли 1990 Раиси Шӯрои Олӣ танҳо вазифаи спикерро дар ҷаласаҳо иҷро мекард[3]. 22 феврали соли 1990 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон барҳам дода шуд ва вазифаҳои он ба Раиси Шӯрои Олӣ дода шуд, ки ӯро шахси мансабдори олии ҷумҳурӣ гардонид. Аммо аллакай 24 апрели соли 1990 вазифаи Президенти ҶШС Қазоқистон ҷорӣ карда шуд[2], пас аз он вазифаҳои Раиси Шӯрои Олӣ дубора ба вазифаҳои спикер маҳдуд шуданд[3].
- Назарбоев Нурсултон Абишевич (22 феврали 1990-24 апрели 1990)
- Асанбоев Ерик Мағзумович (24 апрели 1990-16 октябри 1991)
- Абдилдин Серикболсин Абдилдаевич (16 октябр-16 декабри 1991)
Раисони Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Шӯрои комиссарони халқии Қазоқистон аз лаҳзаи ташкили автономияи қазоқ дар ҳайати ҶШС русия. 5 декабр АССР Қазоқистон мақоми ҷумҳурии иттифоқии СССР-ро гирифт ва азҳайати ҶШФСР Русия хориҷ карда шуд. Дар айни замон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҷумҳуриявии қаблан таъсисдодашуда фаъолияти худро идома доданд.
- Исаев Ураз Ҷанзакович (апрели 1929-июни 1938)
- Таҷиев Иброҳим Таусиевич (июни 1938-июли 1938)
- Ундасинов Нуртас Дандибоевич (июли 1938-15 марти 1946)
15 марти соли 1946 Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Қазоқистон Бо Шӯрои вазирони ҶШС Қазоқистон иваз карда шуд.
Раисони Шӯрои вазирони ҶШС Қазоқистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Шӯрои олӣ ҳукумати ҷумҳуриро ташкил мекард — Шӯрои Вазирон, қонунҳои ҶШС Қазоқистонро қабул мекард.
- Ундасинов Нуртас Дандибоевич (15 марти 1946-январи 1954)
- Тайбеков Елубай Базимович (январи 1954-31 марти 1955)
- Қунаев Динмуҳаммад Аҳмадович (31 марти 1955-20 январи 1960)
- Ташенев Ҷумъабек Аҳметвич (20 январи 1960-6 январи 1961)
- Дауленов Салкен Дауленович (24 январи 1961-13 сентябри 1962)
- Бейсембоев Масимхон Бейсембоевич (13 сентябри 1962-26 декабри 1962)
- Қунаев Динмуҳаммад Аҳмадович (26 декабри 1962 - 7 декабри 1964)
- Бейсембоев Масимхон Бейсембоевич (7 декабри 1964-31 марти 1970)
- Ашимов Байкен Ашимович (31 марти 1970-22 марти 1984)
- Назарбоев Нурсултон Абишевич (22 марти 1984-27 июли 1989)
- Қароманов Узакбой Қаромонович (27 июли 1989-16 октябри 1991)
- Терешенко Сергей Александрович (16 октябри 1991 16 декабри 1991, Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон)
Мақомоти маҳаллии ҳокимият дар вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, деҳот Шӯроҳои дахлдори вакилони меҳнатӣ буданд, ки аз ҷониби аҳолӣ барои ду сол интихоб карда мешуданд. Дар Шӯрои Миллатҳо Шӯрои олии СССР ҶШС қазоқистон аз ҷониби 32 депутат намояндагӣ мекард.
- Мақоми олии судӣ Суди олии ҶШС Қазоқистон, ки Аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешуд, дар ҳайати ду коллегияи судӣ (дар парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ) ва Пленум амал мекард. Илова бар Ин, Раесати суди Олӣ ташкил карда шуд. Прокурори ҶШС Қазоқистон прокурори Генералии СССР ба мӯҳлати 5 сол таъин карда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Закон Казахской ССР от 24 апреля 1990 г. «Об учреждении поста Президента Казахской ССР и внесении изменений и дополнений в Конституцию (Основной Закон) Казахской ССР»(пайванди дастнорас — таърих). 9 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 апрели 2016.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Руководители Казахстана(пайванди дастнорас — таърих). 21 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 Январ 2019.