Ҷаббор Расулов
Ҷаббор Расулов | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Ҷаббор Расулович Расулов | ||||||
|
||||||
Пешгузашта | Турсун Ӯлҷабоев | |||||
Ҷонишин | Раҳмон Набиев | |||||
|
||||||
Пешгузашта | Маҳмадалӣ Қурбонов | |||||
Ҷонишин | Турсун Ӯлҷабоев | |||||
|
||||||
Таваллуд |
10 июл 1913 |
|||||
Даргузашт |
4 апрел 1982 (68 сол) |
|||||
Мадфан | ||||||
Ҳизб | ||||||
Эътиқод | атеизм | |||||
Ҷоизаҳо |
Ҷаббор Расулов (Ҷаббор Расулович Расулов; 27 июни (10 июли) соли 1913, Хуҷанд, Вилояти Самарқанд, Империяи Русия — 4 апрели соли 1982, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими ҳизбӣ ва сиёсӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1946—1961, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1961—1982. Ӄаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1981). Аъзои ҲКИШ (1939) узви КМ ҲКИШ (1961—1982). Вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
Зиндагинома[вироиш]
Ҷаббор Расулов 10 июли 1913 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро (1934) хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ(1934—1938) саркарда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1938—1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (1941—1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1945—1946) кор кардааст.
Ҷаббор Расулов ба таърихи То- ҷикистон ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва партиявӣ ворид гардидааст. Тараққиёти Ҷумҳурӣ ва дастовардҳои бузург ба номи Ҷаббор Расулов тааллуқ доранд. Чунки ӯ беш аз 30 сол ба сифати роҳбари Ҷумҳуриамон фаъолият намудааст. Даҳ сол ба сифати Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол ба ҳайси Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон меҳнати пурмаҳсул кардааст. Дар давраи роҳбари ' Ҷумҳурӣ будан Ҷаббор Расулов якчанд маротиба ба ноҳия ташриф оварда ба меҳнаткашон, алалхусус, ба деҳқонони зарофар маслиҳатҳои муфид додааст.
Солҳои 1946—1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон — Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, дар вазифаи ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС (1955—1958), котиби КМ ПК Тоҷикистон (1958—1960) кор кардааст. Ӯ аввалин шахсест аз Тоҷикистон, ки ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того (1960 — 1961Ъ адои вазифа намудааст.
Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон — Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961—1982 ба ухда дошт. Ҷаббор Расулов дар синни 69 солаги ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил ҷон додааст. 4 апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе вафот карда дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст.[1]
Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар шаҳри Хуҷанд, хиёбоне дар шаҳри Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.
Ҷоизаҳо[вироиш]
- 9 ордени Ленин,
- ордени Инқилоби Октябр,
- ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II,
- 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.[2]
Нигаред низ[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Википедияи русӣ, Расулов, Джабар Расулович https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2, %D0%94%D0%B6%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80_ %D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87
- ↑ Вазирони корҳои хориҷӣ,Ҷаббор Расулов http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html
Сарчашма[вироиш]
- Зодагони 10 июл
- Зодагони соли 1913
- Зодагони Хуҷанд
- Даргузаштагони 4 апрел
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Аъзоҳои ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Сарварони Тоҷикистон
- Котибони якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон
- Раисони Шӯрои Вазирони Тоҷикистон
- Арбобони давлатии Тоҷикистон