Jump to content

Ҷазираҳои Анжу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷазира́ҳои Анжу́ (ёқут. Анжу арыылара) — номи ҷазираҳои марказӣ ва нисбатан бузургтари галаҷазираҳои Новосибир дар баҳрҳои Лаптевҳо ва Сибири Шарқӣ.

Аз ҷазираҳои Котелний, Фадеевский, Новая Сибир ва Белковский иборатанд. Масоҳати умумиашон тақрибан 29 ҳазор км². Дар релйефи Анжу ҳамвориҳои пасти аккумулятивӣ бештар ба назар мерасанд. Ландшафташ — тундраи арктикӣ. Ҷазираҳои Анжуро тадқиқотчии Арктика адмирал П. Ф. Анжу (1796—1869) ҳангоми таҳқиқи соҳилҳои шимолӣ Сибир (1821—1923) тавсиф карда, харитаи онҳоро тартиб додааст. Ҷазираҳо ва соҳилҳои байни саргаҳи дарёҳои Оленёк ва Индигирка мавсум ба номи ҳамин олиманд.