Ҷазираҳои Балеар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷазираҳои Балеар
Illes Balears (Catalan)
Islas Baleares (Spanish)
Парчам Нишон
Парчам Нишон
39°30′ с. ш. 3°00′ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Палма де Малйорка
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 4 991,66 км²
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 ES-IB
Вебгоҳи расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷазираҳои Балеар[2] — гуруҳи ҷазираҳо дар қисмати ғарбии Баҳри Миёназамин, Вилояти мухтори Испания. Аз ду ҷазираи калон – Малйорка, Менорка ва галаҷазираи Питиус (Ибитса, Форментера ва ғайра) иборат аст. Масоҳаташ қариб 5 ҳазор км2. Аҳолиаш 1106049 нафар (2010). Маркази маъмурӣ ва бандари асосиаш – шаҳри Палма (дар ҷазираи Малйорка).

Ҷуғрофия ва гидрография[вироиш | вироиши манбаъ]

Харитаи ҷазираҳои Балеар

Релйефаш, асосан, аз теппаву пуштакӯҳҳо иборат аст. Дар қисми шимолу ғарбии ҷазираҳои Малйорка қаторкӯҳи баландиаш то 1445 метр, дар ҷазираи Менорка пуштакӯҳи начандон баланд (358 м) воқеанд. Бештар релйефи карстӣ вомехӯрад. Иқлимаш баҳримиёназаминӣ; тобистон– гарми хушк, зимистон – сербориш; бориши солона – 400–600 мм. Ҳарор. миёнаи янв. – наздики 10 °C, август – 24 °C. Дар як сол зиёда аз 300 рӯзаш офтобӣ. Соҳилҳояш серхарсанг, дорои камаробу халиҷҳои хурди бешумор бо пляжҳои регдор. Бешаҳояш иборат аз булутзорҳо буда, қадпасти халабӣ ва ғайра мерӯянд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони қадим Балеар дар тасарруфи Карфаген ва Рум буд. Соли 526 то милод. Балеарро вандалҳо, соли 534 – Византия соли 798 арабҳо забт карда буданд. Солҳои 1229–1235 Малйорка, дертар Менорка дар ҳайати шоҳигарии Арагон қарор доштанд. Солҳои 1298–1349 Балеар шоҳигарии мустақил буд. Соли 1349 аз нав ба ҳайати Арагон дохил шуд. Солҳои 1708–1802 ҷаз. Менорка дар тасарруфи Британияи Кабир буд. Аз соли 1833 ҷазираҳои Балеар музофоти Испания мебошанд.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ ба парвариши рустаниҳои субтропикӣ (ситрусҳо, зайтун, бодом), токдорӣ ва моҳидорӣ машғул аст. Балеар маркази туризми байналхалқӣ буда, табобатгоҳҳои аҷоиби баҳрӣ дорад. Фароғатгоҳҳои асосиаш – Палма, Сюдадела, Амкудия, Солйер, Сан-Антонио-Абад, Ибиса ва ғайра.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Población por provincias, edad (grupos quinquenales), Españoles/Extranjeros, Sexo y AñoNational Statistics Institute, 1856.
  2. Географический энциклопедический словарь: Географические названия / под ред. Э. Б. Алаева и др., гл. ред. А. Ф. Трёшников. — М.: Советская энциклопедия, 1989. — 2-е изд. — С. 54. — 592 с.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]