Ҷазоҳои асосӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷазоҳои асосӣ — вобаста ба тартиби таъи н гардиданашон ҳамаи намудҳои ҷазо мувофиқи м. 48 КҶ ҶТ ба ҷазоҳои асосӣ, иловагӣ ва омехта (яъне ҷазоҳое , ки ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ таъйин шуданашон мумкин аст) ҷудо мешаванд. Мувофиқи қ.1 м. 48 КҶ ҶТ корҳои ислоҳи меҳнатӣ, маҳдуд кардаи дар хидмати ҳарбй, маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомй, маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл ҳамчун ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд. Хусусияти ҷазоҳои асосӣ дар он ифода меёбад, ки: 1) онҳо танҳо мустақилона таъйин мегарданд; 2) ҷазоҳои асосӣ ба намудҳои дигари ҷазо ё ба ҳамдигар ҳамроҳ карда намешаванд. 3) танҳо дар ҳолатҳое таъйин мегарданд, ки агар дар санксияи моддаҳои Қисми махсуси КҶ ҶТ пешбинӣ шуда бошанд. 4) ҳамчун ҷазои асосӣ таъйин намуднӣ ҷазое, ки дар санксияи модда ба сифати ҷазои асосӣ иишои дода нашудааст, танҳо дар асоси м. 63 (таъйини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст) ва м.77 КҶ ҶТ (ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо) мумкин аст. 5) ғайр аз ин, ҷазоҳои асосӣ дар системаи ҷазоҳои ҷиноятӣ нисбатан вазнинтар мебошанд ва асосан ба онҳо қонунгузор ноил шудан ба мақсадҳои ҷазоро вобаста менамояд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 548-549