Ҷазоҳои иловагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷазоҳои иловагӣ — ҷазоҳое, ки ба таври илова ба ҷазоҳои асосӣ дода мешаванд. Мустақилона таъйин намудани ҷазоҳои иловагӣ мумкин нест. Ба ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ тақсим намудани ҷазо дар м. 48 КҶ ҶТ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи моддаи мазкур ду намуда ҷазоҳои иловагиро фарқ кардан мумкин аст:

  1. Ҷазоҳое, ки танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ таъйин мегарданд.
  2. Ҷазоҳое, ки мумкин аст ҳам ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ба сифати ҷазои иловагӣ таъйин шаванд. Ба ҷазоҳои гурӯҳи аввал дохил мешаванд: маҳрум кардан аз рутбаи махсус, рутбаи ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи амвол.
  3. Ба ҷазоҳои гурӯҳи дуввум ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян дохил мешаванд.

Ҷазои маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбй, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ бо ба ҳисоб гирифтани шахсияти гунаҳгор барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, ағар суд истифодаи онро мақсаднок шуморад, таъйин гардиданаш мумкин аст. Мусодираи амвол, яъне ба моликияти давлат маҷбуран ва ба таври ройгон гирифтани амволе, ки моликияти маҳкумшуда мебошад, барои ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнини бо мақсади ғаразнок содиршуда муқаррар гардида, суд танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси КҶ ҶТ таъйин карда метавонад. Ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян дар ҳолате ба сифати ҷазои иловагӣ низ таъйин гардида метавонад, ки намуди ҷазо дар моддаи дахлдори Қисми махсуси КҶ ҶТ пешбинӣ нагардида бошад хам ва агар суд бо назардошти хусусият ва дараҷаи ба ҷинояти содиршуда ва маълумот дар хусуси шахсияти гунаҳгор имконпазирии нигоҳ доштани ҳуқуқи ӯро барои ишғол намудани мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян эътироф намояд. Ҷазои иловағӣ бояд аз ҷазои асосӣ сабуктар бошад. Суд метавонад якҷоя бо ҷазои асосӣ ду ва ё зиёда ҷазоҳои иловағӣ таъйин кунад. Ҷазоҳои иловагӣ дар санксияи моддаҳои Қисми махсуси КҶ ҶТ мумкин аст дар шакли алтернативӣ (масалан, «бо маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи амвол ё бидуни он» қ.2 м.289 КҶ ҶТ) ё ҳатиӣ («ба маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи амвол» қ. 4 м. 288 КҶ ҶТ) нишон дода шавад. Ҳангоми дар шакли алтернатнвӣ нишон дода шудани ҷазои иловагӣ суд метавонад онро таъйин кунад ё накунад. Ғайр аз ин, аз мазмуни асосҳои умумии таъйини ҷазо, ки дар м. 60 КҶ ҶТ пешбинӣ шудааст, чунин бармеояд. ки ҷазои ба таври алтернативӣ пешбинишуда дар ҳолате таъйин мегардад, ки «намуди нисбатан сабуктар ноил шудан ба мақсади ҷазоро таъмин карда наметавонад». Аз ин ҷо бармеояд, ки суд ҳангоми таъйин намудани ҷазои иловагӣ бояд қарори худро асоснок намояд. Ҳангоми ба таври ҳатиӣ нишон дода шудани ҷазои иловагӣ суд уҳдадор аст, ки онро таъйин кунад. Танҳо дар мавридҳои мавҷуд будани ҳолатҳои мустасной д ар асоси м. 63 КҶ ҶТ (таъйини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст) суд метавонад ҷазои иловагии ба таври ҳатмӣ пешбинишударо таъйин накунад. Ҷазоҳои иловагӣ ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо низ ғайр аз мусодираи амвол, таъйин шуданашск мумкин аст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 549-550