Ҷайҳун (дарё, Туркия)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Дарёи Ҷайҳун

Ҷайҳун, Ҷейҳан, дарёест дар ҷануби Туркия. Тӯлаш 474 км, масоҳати ҳавзааш 21,2 ҳазор км мурабаъ. Аз кӯҳҳои Таври Арманистон (Таври Шарқӣ) сар шуда, поёнобаш пастии Чуқуробаро бурида мегузарад ва ба ҳалиҷи Искандарони баҳри Миёназамин мерезад. Дарё зимистону баҳор пуроб мегардад. Дар Ҷайҳун киштӣ намегардад. Дарё бештар барои обёрӣ истифода мешавад. Дар водии Ҷайҳун шаҳри Ҷайҳун воқеъ гаштааст.

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.