Ҷалол Холиқии Мутлақ
Ҷалол Холиқии Мутлақ | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд: | 11 сентябр 1937 (88 сол) |
| Зодгоҳ: | |
| Шаҳрвандӣ (табаият): | |
| Навъи фаъолият: | фарҳангнавис, донишгоҳӣ |
Ҷалол Холиқи Мутлақ (таваллуд 19 сентябри 1937) нависанда, забоншинос, эроншинос ва шоҳномпажӯҳ аст. Кори асосии пажӯҳишаш дар бахши Шоҳнома ва ҳамосасароӣ дар Эрон будааст. Дӯстдорони фарҳанги эрон Холиқии Мутлақро бузургтарин шоҳномпажӯҳи ҳамаи авдор медонанд, зеро маъмулан бар ин назаранд, ки ӯ тавонист беҳтарин тасҳеҳи Шоҳномаро ироа кунад. Вай узви Шӯрои сарпарастон ва муовини раиси Бунёди Фирдавсӣ буда, солҳои зиёд дар Донишгоҳи Ҳамбурги Олмон дарс додааст.[1][2]
Холиқии Мутлақ, бештар аз панҷоҳ сол аз умри худро сарфи мутолиаву пажӯҳиш дар заминаи Шоҳнома кардааст . Аз ӯ ба унвони яке аз таъсиргузортарин шахсиятҳои таърихи забону адаби порсӣ ёд мешавад, зеро тавонистааст илми тасҳеҳи мутунро чанд гом ба пеш бибарад . Таҳқиқоти ӯ дар заминаҳои мухталифи Эроншиносӣ, ба вижа дар шоҳномашиносӣ, ҳамвора маҳали муроҷиаи аҳли фан будааст. Вай собиқаи баргузории даҳҳо суханронӣ дар донишгоҳҳои муътабари дунё монанди Принстон , Чикаго , Сурбун, Вена , Фройбург , Лейден ва Берклии Калифорнияро дорад . Ӯ ҳамчунин узви ҳайати гузиниши китобу ҷоизаи бунёди мавқуфоти доктор Маҳмӯд Афшор аст .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷалоли Холиқии Мутлақ дар 20 шаҳривари 1316 ( баробар бо 11 сентябри 1937 ) дар Теҳрон мутаваллид шуд[3] .Ба гуфта худаш , хонаводаи ӯ аз хонаводаҳои асили теҳронӣ буданд ва дар қайду банди суннату таассуботи суннатӣ набуданд . Аз ин рӯи Ҷалол дар хонаводае бо озодии нисбӣ зиндагӣ мекард[4]. Ҷалоли таҳсилоти дабистону дабиристониро дар Теҳрон ба поён бурд . Давраи дабистонро дар мадрасаи Нӯшервон (воқеъ дар хиёбони мавлавӣ ) ва давраи дабиристонро дар мадрасаи Марвӣ (воқеъ дар хиёбони Носири Хусрав ) гузаронад[5] .Алоқаи ӯ ба шеъру адабиёт, аз давраи таҳсил дар дабистон намоён буд [6].Баъд аз он дар мақтаъи дабиристон, Ҷалоли раис ва узви анҷумани адабии мадраса буд [5]. Ӯ чандини бор ба радио даъват шуд . Ҷалол аз нависандагони рӯзномаи мадрасааш бо ном «Пайки Марвӣ» буд ва низ яке аз поягузорон коргоҳҳои адабӣ ки ба шеърхониву иҷроӣ намоиш мепардохтанд, буд [5].Холиқӣ мегӯяд , дар эҷоди алоқа ва тавваҷуҳи вай нисбат ба шоҳнома, писари тағояш, ки дар ҳини тамрини куштӣ шоҳнома мехонд, таъсиргузор буд . [3] Ҷалол мегӯяд ки писари тағояш дар хонаи падарбузурги онҳо, китоби шоҳномаро боз мекарду ағлаб аз рӯй достони Рустаму Ашкбӯс бо садои баланд мехонд . Дар ин ҳангоми Ҷалол низ дар канори писари тағояш менишасту ошиқи он аксе буд ки Рустам, тирро аз камон ба тарафи синаи Ашкбӯс раҳо мекунад . [3]
Таҳсил дар Олмон
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз итмоми дабиристон, Холиқӣ барои идомаи таҳсил ба Олмон азимат кард[7] .Барои таҳсил дар бахши докторантура , Ҷалоли Холиқии Мутлақ дар се риштаи шарқшиносӣ, олмоншиносӣ ( жермонистик ё мутолиъоти Олмонӣ ) ва мардумшиносӣ дар донишгоҳи Кёлни Олмони сабт ном кард . Алоқаи холиқии мутлақ ба шоҳнома аз замони таҳсил шурӯ шуд [8]Заминаи пажӯҳишии ӯ дар риштаи мардумшиносӣ , қавми маяи сурхпӯстон буд . Дар риштаи олмонишиносӣ, Холиқии Мутлақ барои нахустин бор бо ҳамосаҳоу устураҳои Олмону дигар милал ба шеваи илмӣ - пажӯҳишӣ ошно шуд ва сипас барои таҳқиқ ба Шоҳнома рӯй овард [8].Дар воқеъи ошноии ӯ бо фунуни баррасии устураҳову ҳамосаҳо, аз ҳамосаҳову устураҳои ғайриэронӣ шурӯъ шуд ва сипас ба Шоҳнома расид . Албата ӯ Шоҳномаро қаблан аз рӯйи алоқаи шахсӣ мутолиа карда буд аммо ба равиши илмӣ - пажӯҳишӣ , баъд аз инки ҳамосаҳои дигари милалро мутолиа кард, ба Шоҳнома пардохт. Мавзӯи поённомаи(рисолаи доктории) доктории ӯ «Занони Шоҳнома» буд ва тавонист дар соли 1349 ( 1970 милодӣ ) аз донишгоҳи Кёлни Олмон дар се риштаи шарқшиносӣ, олмонишиносӣ ва мардумшиносӣ мадраки доктуро бигирад[3][8] .
Иқомат дар Ҳамбург
[вироиш | вироиши манбаъ]Як соли баъд аз фориғ-ут-таҳслӣ, Холиқии Мутлақ ба Ҳамбург рафт.[8] Ва аз он замон то кунун дар он ҷо сукунат доштааст. Албата Холиқии Мутлақи борҳо ба ҷиҳати чопи китобҳояшу ҳузур дар ҳамоишҳо, маросимҳову барномаҳои мухталиф, ба Эрон бозгаштааст. Дар соли 1350 ( 1971 ) Холиқии Мутлақ дар бахши Ховари Миёна дар донишгоҳи Ҳамбурги Олмони машғул ба кор шуд[2][8]. Холиқии Мутлақи 35 сол дар ин Донишгоҳ ба тадриси забони форсиву фарҳанги Эрон пардохт то ин ки дар соли 1385 (2006 милодӣ) бознишаста шуд [7].
Баррасии дастнависҳои Шоҳнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои 1967 то 1970 ки Холиқии Мутлақ дар Институтии ховаршносӣ дар донишгоҳи шаҳри Кёлни Олмони саргарми навиштани рисолаи доктории худ дар бораи «Занони Шоҳнома» буд, дар тайи кори бад ин нукта пай бурд, ки панҷ чопи аслии Шоҳнома (яъне чопҳои Тернер Мокон, Жӯл Мул, Ионус Флорес , Брухим ва Маскав ) дорои нақоиси бузурганд[9],ҳеч кадоме қобили итминон нестанд[9]ва ниёзи пажӯҳишҳои илмӣ дарборам Шоҳномаро ба хубӣ бароварда намекунанд,[9] вале аз сӯйи дигар, кӯшиш барои таҳияи як матни интиқодивуу мунаққаҳ аз Шоҳнома низ, бидуни баррасии шумори бузурге аз дастнависҳои он, кори беҳуда аст ва натиҷаи он чизеи фаротар аз чопи Маскав нахоҳад буд[9].Яъне ниёз ба нусхаҳои бештару равиши беҳтар барои тасҳеҳи Шоҳнома ҳаст[8] . Ин шуд ки Холиқии Мутлақ, бе он ки ҳатман қасди пироиши ин китобро дар сар дошта бошад, даст ба баррасии дастнависҳои Шоҳнома зад[9] .
Нахустин тасҳиҳи шоҳнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1980, [6] Холиқии Мутлақ кори пероиши матнро бар асоси шонздаҳ дастнависи муътабартар ба изофаи тарҷумаи арабии Биндорӣ оғоз кард [9]. Тарҷумаи арабии шоҳномаи тавассути Биндории Исфаҳонӣ , бар асос дастнависе буда ки мутаъаллиқ ба қарни шашум аст ва ин дар ҳолест, ки ҳеч кадом аз дастнависҳои мавҷуд дар ҳоли ҳозир, мутаъаллиқ ба қарни шашум ё қабл аз он нестанд[9] . ин пероиши дафтар ба дафтар дар Амрико мунташир мешуд [10].
Фаъолиятҳои дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамкорӣ дар таълифи донишномаи Иронико
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷалоли Холиқии Мутлақ, яке аз нависандагони донишномаи Иронико ба шумор меояд ва дар ин замина бо Эҳсон Ёршотирӣ ҳамкории густардае доштааст. Донишномаи Иронико, бузургтарину ҷомеътарин пуружаи Эроншиносӣ дар тӯл таърих аст ки 65 мақолаи (мадхали) онро Холиқии Мутлақ навиштааст . Мақолоти Холиқии Мутлақ дар Иронико ба забони англисии таълиф шудаанд ва тайфи васеъӣ аз шохаҳои Эроншиносиро дар бар мегиранд . Фарҳоди Аслонӣ Маъсумаи Пуртақӣ, маҷмӯъаи мақолоти Холиқии Мутлақ дар донишномаи Ироникоро ба забони форсӣ тарҷума кардаанд ва онҳоро дар китобӣ ба номи шоҳнома ва фарҳанги Эрони мунташир сохтаанд .
Мерос
[вироиш | вироиши манбаъ]Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар соли 2023 милодӣ дастури иҷрои тарҳи эҳдои як нусхаи Шоҳномаро ба таври ройгон ба ҳар хониавода дар Тоҷикистонро содир кард ва аз моҳи августи соли 2025 эҳдои Шоҳнома ба мардуми Тоҷикистон оғоз шуд. Шоҳномаи эҳдоӣ, бар асоси тасҳеҳи Холиқии Мутлақ ва дар 2 ҷилд ба хати сириллик мебошад. Бо тавваҷуҳ ба ҷамъияти даҳ миллион нафарии Тоҷикистон, дасти кам як миллиону ҳафтсад ҳазор нусха аз ин китоб чопу тавзеъ шуд[11][12][13] [14].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоистаи тақдир дар даҳумин ойини бузургдошти ҳомиёни нусхаи хаттӣ ( 1389 ) дар бахши расоилу мақолот, барои баррасӣ ва арзёбии шоҳномаи Сан Жозеф (ба сурати муштарак бо Ҳамидризо мустафид Довӯди Ғуломзода)[15][16].
- Асари интихобшуда дар маросими 9-уми ёдбуди пуштибонони дастнависҳо (2009) дар бахши адабиёт, барои ислоҳи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бо ҳамкории Маҳмуд Умедсолор ва Абулфазл Хатибӣ[17][18].
Ҷусторҳои вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ جلال خالقی مطلق به جای توسیوند تکیه زد(форсӣ), ایبنا (19 май 2014). Бойгонӣ шудааст 12 Декабри 2023 сол. Проверено 18 Декабри 2025.
- ↑ 2.0 2.1 AAI Webmaster. Djalal Khaleghi-Motlagh : Middle East : Universität Hamburg(англ.). www.aai.uni-hamburg.de. 18 Декабри 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2023.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 «گرامی داشتِ بیستم شهریور ماه؛ زادروز جلال خالقی مطلق»(форсӣ). آپارات - سرویس اشتراک ویدیو. 18 Декабри 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2022.
- ↑ آپارات - سرویس اشتراک ویدیو. www.aparat.com. 18 Декабри 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2022.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 dehbashi. از اینجا و آنجا و... / علی دهباشی (fa-IR). مجله فرهنگی و هنری بخارا (17 апрели 2010). 18 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ 6.0 6.1 آپارات - سرویس اشتراک ویدیو. www.aparat.com. 18 Декабри 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2022.
- ↑ 7.0 7.1 جشن رونمايي شاهنامه.
- ↑ 8.0 8.1 8.2 8.3 8.4 8.5 BBC. «مصاحبه جلال خالقی مطلق با برنامه به عبارت دیگر».
- ↑ 9.0 9.1 9.2 9.3 9.4 9.5 9.6 شاهنامه، پیرایش جلال خالقی مطلق، جلد اول: از آغاز تا پایان داستان فرودِ سیاوخش. تهران: سخن، ۱۳۹۴. ص. نود و دو. شابک ۹۷۸-۹۶۴-۳۷۲-۷۵۱-۲.. — تهران: سخن, ۱۳۹۴. — ISBN شابک ۹۷۸-۹۶۴-۳۷۲-۷۵۱-۲..
- ↑ مهرداد قاسمفر. ۳۷ سال کار؛ عرضه نسخه تازه ای از شاهنامه فردوسی(форсӣ), رادیو فردا (8 июли 2007). Проверено 18 Декабри 2025.
- ↑ ТАҚДИМИ «ШОҲНОМА» БА ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИКИСТОН. Ин пандномаи беназир аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ саршор аст — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 18 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Тақсими “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон аз ВМКБ оғоз шуд | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 18 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Фирдавсӣ. ШоҳномаШаблон:Ref-undК:Википедия:Статьи с некорректным использованием шаблонов:Книга (указан неверный код языка). — Душанбе: Шарқи озод, 2025. — Ҷ. иборат аз ду ҷилди Ҷилди якум. — 792 с. — 1 700 000 экз. — ISBN 9789998583795.
- ↑ Фирдавсӣ. ШоҳномаШаблон:Ref-undК:Википедия:Статьи с некорректным использованием шаблонов:Книга (указан неверный код языка). — Душанбе: Шарқи озод, 2025. — Иборат аз ду ҷилд ҷилди дуюм. — С. 704. — 1 700 000 экз.
- ↑ نگاهی به نسخه سن ژوزف؛ معرفی شده توسط خالقی مطلق(форсӣ), ایبنا (21 ноябри 2010). Бойгонӣ шудааст 5 Декабри 2024 сол. Проверено 18 Декабри 2025.
- ↑ دهمين آئين بزرگداشت حاميان نسخ خطي. — دی ۱۳۸۹.
- ↑ در آيين بزرگداشت حاميان نسخ خطي عنوان شد: توجه به نسخههاي خطي، توجه به مليت و هويت ايراني است(форсӣ). ایسنا (9 августи 2009). 18 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ برگزيدگان همايش بزرگداشت حاميان نسخ خطي معرفي شدند(форсӣ). ایسنا (9 августи 2009). 18 Декабри 2025 санҷида шуд.