Ҷамилак
Ҷамилак (Ziziphora brevicalyx), бодранҷбуя, пудинаи кӯҳӣ, фаранҷмушк, гиёҳест маъмул. Аз 15 то 45 см қад мекашад. Баргаш нештаршакл, байзашакл ё мудаввар. Гулаш гулобӣ ё бунафш. Май – авг. гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар бешазори дарахтони паҳнбарг, бурсзор, нишебиҳои серсангу шағал ва регзори қ-кӯҳҳои Қурама, Мевағул, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 900 – 2600 м аз с.б.) мерӯяд.
Буқрот ва Абӯалии Сино Ҷамилак-ро барои муолиҷаи захмҳо истифода бурдаанд. Дар тибби халқии тоҷикон ҷӯшоби барги Ҷамилак дар мавриди бемориҳои гулӯ, иллати узвҳои меъдаву рӯда, дилбеҳузурӣ, амрози олати таносул истифода мешавад. Чойи гулу барги Ҷамилак давои иштиҳоовар, пешоброн ва арақрон аст. Нақеъи Ҷамилак-ро барои тақвияти кори дил, ҳангоми ғалаёни хун, заъфи асаб, амрози меъдаву рӯда, исҳол ва бемориҳои рӯдаи ғафс истифода мебаранд. Марҳами баргу гули Ҷамилак-ро ба захму омосҳо мебанданд. Бо ҷӯшоби Ҷамилак ҳангоми касалиҳои пӯст оббозӣ мекунанд. Дар тибби муосир доруҳои аз Ҷамилак тайёршударо барои муолиҷаи ғалаёни хун, атеросклерози баъдисактавӣ ва диг. бемориҳои дилу рагҳо, инчунин ҳангоми заъфи меъдаву рӯда (дарди меъда, дилбеҳузурӣ, заъфи иштиҳо) тавсия медиҳанд.
Ба ақидаи табибони халқӣ агар Ҷамилак-ро бихӯранд, фараҳ меоварад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд, узвҳои даруни шикам ва синаро қувват мебахшад, бӯйҳои бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, кирмҳои шикамро хориҷ мегардонад. Барои равон кардани пешоби бандшуда ва ҳайз Ҷамилак-ро дар об ҷӯшонда, дар он об то ноф даромада нишинанд, кофист. Агар кӯфтаи Ҷамилак-ро бо шароб фурӯ баранд, қай ва беҳузур шудани дилро таскин медиҳад. Кӯфтаи онро бо чой ё об фурӯ баранд, барои дарди узвҳои даруни сина ва меъда, варами ҷигар ва сипурз даво мешавад ва агар бо асал бихӯранд, газидани каждумро безарар мегардонад. Ҷамилакро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, оруғ ва чакмезакро дафъ мекунад, санги масонаро майда карда мерезонад, арақи бадбӯйро ислоҳ мекунад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалёва Н.Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.