Jump to content

Ҷамила Мусоҷонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамила Мусоҷонзода
Мусоҷонзода Ҷамила Мансур
Таърихи таваллуд: 11 апрел 1984(1984-04-11) (41 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (2005)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII

Ҷамила Мусоҷонзода (Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ; тав. 11 апрели соли 1984, шаҳри Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадори тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].

11 апрели соли 1984 дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси “Химия” ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ бо муваффақият хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ оғоз намудааст. Солҳои 2011-2022 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, ҷонишини декан оид ба илм, декани факултети химия ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистонро ба номи С.Айнӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2022-2025 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кору фаъолият кардааст. Солҳои 2020-2025 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум. Аз 2 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII аз руйхати ягонаи умумиҷумҳуриявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, интихоб гардидааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаи номзадиро соли 2011 дар мавзуи “Ҳалшавандагӣ ва мувозинатҳои фазагии системаи Na,K//SO4,HCO3,F-H2O дар ҳарорати 0 ва 250С” бо муваффақият дифоъ намудааст. Рисолаи доктори мавриди корбарӣ қарор дошта, унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад.