Ҷамоати деҳоти Навгилем

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҷамоати деҳоти Навгилем

НАВГИЛЕМ, деҳаи калонтарин ва маркази ҷамоати деҳоти Навгилем, аз замонҳои Бобур то асри XIX маркази Исфараи асримиёнагй буда, солҳои 30-40 а. XIX бо сабабҳои номаълум (шояд оби заҳ бошад) хароб гардидааст. Баъди бунёди мадрасаи Абдуллохон (а. ХV1) мардум ба ду тарафи роҳ гилемҳои нави бисёре овехта, хонро ботантана пешвоз гирифтанд. Ин тарзи пешвозгирӣ ба у хеле маъқул афтид ва дар ҳар ҷо ба таърифи он пардохт. Аз ин пас мавзеъ номи Навгилемро-ро гирифт. Дар маъхазҳо аз мавҷуд будани ду қалъа- Қалъаи Мадраса ва Қалъаи Ширеш (Саранч,) хабар медиханд. Артелҳои нахустин дар Маҷнунбед соли 1927 (1932, колхози «14- солагии Октябр», раис Турсунбой Холматов), дар Навгилем соли 1929 бо номи Крупская (раис Бисамар Қодирова 1931, колхози ба номи Крупская, раис Муҳиддинов Шамсиддин), дар Устомулло соли 1936 колхози «Ширин» (бо номи Горкий) ташкил шудаанд. соли 1949 колхозҳои ба номи Крупская, Микоян, Горкий ба колхози ба номи Микоян (раис Ҷура Норматов), соли 1951 колхозҳои «Коммуна» (Қушдевор), ба номи Фрунзе (Офтобруй), Ворошилов (Шуртанг), Микоян ба колхози ба номи Микоян (раис Зокирхуча Ҳасанов), соли 1952 колхозҳои ба номи Сталин, Мико¬ян ба колхози Сталин (раис Обидхон Устобоев; соли 1962 колхози «Коммунизм»; 1963 «Октябр»; 1977 совхози «60-солагии Октябр»; 1996 кози ба номи 3. Ҳасанов) муттаҳид гардиданд. Мактабҳои аввалин соли 1922 дар хонаи Қамбархон Темурзода, дар Маҷнунбед дар меҳмонхонаҳои Азизхоҷабой ва Сангинбойбача (муллим Абдуҷаббор Шарифзода), соли 1932 дар маҳаллаи Бумехчагарон дар меҳмонхонаи Муллоҳасанбой таъсис ёфтаанд. Бинои аввалини мактаб соли 1928 бунёд ёфт. Дар мактаби нав Муллосаъдй Шукуров, Амонулло Раҳмонов Сатторхон Корзизода, Ҳасанхон Охонзода, Нарзибой Шарифзода ва Абдурасул Махсумов кор мекарданд. Ба мактабҳои Навгилем, Қушдевор, Офтобруй, Шуртанг ва Маҷнунбед Абдуҷаббор Шарифзода директори озод таъин шуд соли 1928 мактаби ҷавонони деҳот (ШКМ-школа крестянской молодё¬жи) ва 1936 мактаби ҳафтсола ташкил гардид. Навгилем маҳаллаи зиёдеро фаро мегирад, ки аз байни онҳо Устомулло ва Маҷнунбед бузургтаранд. Аҳолии Навгилем соли 1907 дар 228 хоҷагӣ 1200 нафар, соли 1917 460/2500, соли 1926 572/2815, соли 1991 14528 нафар, соли 2003 3756/20224 нафар буда, аксар кишоварзонанд. Дар хоҷагии ба номи 3.Ҳасанов заҳмат кашида, дар парваришу истеҳсоли сабзавот, ғалла, пилла, меваи хушк, тухмӣ ва тармеваҳо ҳиссагузоранд. Дар гузашта харбузаҳои хоҷакалонӣ, бобосекинакӣ, узоқӣ, гургак, амирӣ, тиризанбӯрак, бӯсабозии Навгилем машҳур буданд. БОҒИ Насадский дар ҳудуди Навгилем нашъунуму дорад ва кони себу ноки гуногуннавъ аст. Дар Навгилем се мактаб № 30, 31,32, як литсей, як хонаи маданият, магазинхо, чойхона, китобхонаҳо дар хизмати аҳли чомеа мебошанд. Навгилем бо ёдгории таърихии асҳои ХVI-ХVII Масҷиди Абдуллохон шуҳрат дорад. Идораҳои чамоат, хоҷагии ба номи 3.Ҳасанов, идораи савдои деҳа ҳам дар ҳудуди Навгилем чой доранд. Осорхонаи олими намоёни точик Лутфуллоҳ Бузургзода назди бинои идораи чамоат қомат афрохтааст. Майдони ҳавоии (аэро¬порт) ш. Исфара дар қисми ҷанубии деҳа воқест. Заминҳои Навгилем аз ҷӯйҳои Паст, Зарбоф, Чилгазӣ ва канали ба номи С.Юлдошев обёрй мешаванд.