Ҷамшеди Ромишгар
Ҷамшед Раҳматов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 17 июли 1941 (85 сол) |
| Зодгоҳ | Бухоро |
| Шаҳрвандӣ | ИҶШС, Тоҷикистон |
| Пеша | муҳаррир, филмноманавис |
| Солҳои фаъолият | 1963 — то ҳол |
Ҷамшед Раҳматов (зод. 17 июли 1941, Бухоро) — муҳаррир ва филмноманависи тоҷик, узви Итифоқи синамогарони ИҶШС (1990)[1], Аълочии кинематографияи ИҶШС.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1963 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1963–1964 муҳаррири Идораи истеҳсоли филмҳои Госкинои Тоҷикистон, солҳои 1965–1966 муҳаррири таблиғотии филмҳои пахши кинои ҷумҳуриявӣ ва соли 1966 муҳаррири рӯзномаи «Новости экрана» буд[1]. Аз соли 1966 фаъолияташ дар киностудияи «Тоҷикфилм» ҷараён гирифтааст, зинаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, сардори сектори дубляж, сармуҳарририро паймудааст[2].
Аз таблиғгарони намоёни кинои тоҷик эътироф шудааст. Дар матбуоти даврӣ очерку мақола ва мубоҳисоти зиёд оид ба киною киногарон ба нашр расонда, солиён дар Телевизиони тоҷик барномаҳои «Навигариҳои кино», «Дар олами кино», «Нигоҳ» ва ғайраро таҳия ва барандагӣ кардааст. Ба сифати муҳаррир даҳҳо филми бадеӣ ва ҳуҷҷатиро таҳрир намуда, муаллифи сенарияи беш аз панҷоҳ филми ҳуҷҷатӣ мебошад. Муҳаррири дубляжи қариб ҳаштсад филми бадеӣ ба забони тоҷикист. Сенарияи чандин филми бадеиии кӯтоҳ навиштааст.
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаррири филмҳои бадеӣ: «Номзад» (1990), «Бухорои шариф» (ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Катарсис» (Қазоқистон), 1991), «Ашк ва шамшер» (4 қисм, 1991), «Рози нӯҳ паёмбар» (1992)[1].
Дар филмҳои ҳунарии эҷодшудаи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Дар орзуи падар», «Муаллим», «Дарди ишқ», «Марги бегуноҳ», «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф»[3], филмҳои мустанади эҳёи давлатдорӣ «Марди роҳ» кору маслиҳатҳои муфиди Ҷамшед Раҳматов бевосита мушоҳида мешавад[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 Рахматов Джамшед // Энциклопедия кино Таджикистана. — Д. : «ЭР-граф», 1992. — С. 182-183. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Зулолаи Нур. Парӣ аз паси Куҳи Қоф. ruzgor.tj. Рӯзгор. 2 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ М. М. Салимзода. ШАХСИЯТИ ҚАҲРАМОН ВА ВОҚЕИЯТИ ИҶТИМОӢ ДАР МИСОЛИ ОЧЕРКҲОИ ПОРТРЕТИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ “ТОҶИКИСТОН”. МУЊАЌЌИЌИ ЉАВОН (2019).