Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷамшед Ҷамшедзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамшедзода Ҷамшед
Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо
Таърихи таваллуд 18 ноябри 1973(1973-11-18)
Зодгоҳ деҳаи Шод, ноҳияи Роштқалъа, ВМКБ
Таърихи даргузашт Душанбе
Маҳалли даргузашт Душанбе
Ҷоизаҳо

Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо (18 ноябри 1973, ноҳияи Роштқалъа — 13 январи 2026, Душанбе) — ҳуқуқшиноси тоҷик, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2011), Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019—2026).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Ҷамшедзода 18 ноябри соли 1973 дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 2000 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Фаъолияти кориашро соли 2000 аз вазифаи ходими хурди илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчунин то соли 2017 ходими калони илмии Институти давлат ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи давлатшиносӣ ва хуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва хуқуқ, котиби илмии Институти давлат ва хуқуқи Академияи илмњои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дотсенти кафедраи хуқуқи конститусионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, иҷрокунандаи вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва хуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2017 то 10 июли соли 2019 фаъоляти меҳнатиашро дар вазифаи муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.

Аз соли 2011 то соли 2019 ба ҳайси узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст[1].

Аз 11 июли соли 2019 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид[2].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2011 дар шӯрои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Россия (шаҳри Маскав) дар мавзуи «Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (самти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ)» рисолаи номзадиро дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст.

Ҷамшед Ҷамшедзода 13 январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Бино ба иттилои расонаҳо, мавсуф дар натиҷаи афтодан аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ ба ҳалокат расидааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқот бурда истодаанд[3].

  • Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
  1. Тағйироти кадрӣ. Президенти Тоҷикистон (9 июли 2019). 13 Январ 2026 санҷида шуд.
  2. Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо – Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13 Январ 2026 санҷида шуд.
  3. Алишер Зарифӣ, Барот Юсуфӣ. Додраси олитарин додгоҳи Тоҷикистон аз бинои нӯҳтабақа афтода, ҷон додааст(тоҷ.), Радиои Озодӣ (13 Январ 2026). Проверено 13 Январ 2026.