Ҷамъ намудани далелҳо
Ҷамъ намудани далелҳо — давраи аввали рафти исботкунӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти шахси барандаи таҳқиқи ибтидой, муфаттиш, прокурорро оид ба бо роҳҳои қонунӣ ҷустуҷӯ кардан, ёфта гирифтан ва ҷамъ намудани маълумоти ба парванда зарурбударо дар бар меғирад. Роҳҳои ҷамъ намудани далел - ҳаракатҳои тафтишотӣ, талаб карда гирифтани предметҳо ва хуҷҷатҳои лозима, талабот оид ба гузаронидани ревизияҳо ва санҷиши хуҷҷатҳо мебошанд. Иштирокчиёни мурофиаи ҷииоятй, иичуиин шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳо, ^ашкилотҳо, шахсони мансабдор низ метавонанд маълумотеро, ки ба кор аҳамият доранд, пешниҳод намоянд. Ин маълумот пас аз ба шакли мурофиавӣ даровардани онҳо ба сифати далел эътироф мешаванд. Предметҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки нишонаи далелҳои шайъиро доранд, бо қарори махсуси шахси барандаи таҳқиқи ибтидой, муфаттиш, прокурор ва ё таъйиноти суд ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд (м. 78 КМҶ ҶТ). .[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 550-551
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |