Ҷашнвораи Чодари хаёл
| Ҷашнвораи Чодари хаёл |
|---|
«Чодари хаёл» — фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак, ки ҳар ду сол як маротиба дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ин ҳамоиши ҳунарӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои мухталиф ташкил карда мешавад.
Мақсад ва вазифаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳадафи аслии ҷашнвора аз таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи театрҳои лӯхтак, пайдо шудани асарҳои нав, табодули таҷрибаи ҳунармандони давлатҳои гуногун ва тарбияи эстетикии насли наврас иборат аст. Фестивал имкон медиҳад, ки лӯхтакбозони тоҷик бо дастовардҳои муосири ин навъи санъат дар сатҳи ҷаҳонӣ шинос шаванд.[1]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2007 инҷониб ҳафт давраи ин ҷашнвора баргузор гардидааст. Дар он театрҳои лӯхтак аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Осиё ширкат меварзанд.
Фестивали IV (2014)
[вироиш | вироиши манбаъ]Давраи чоруми ҷашнвора аз 15 то 22 апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он ҳунарпешагон аз 10 давлати дунё, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус, Испания, Эрон, Туркия, Фаронса ва Тоҷикистон иштирок намуданд.[2]
Фестивали VII (2023)
[вироиш | вироиши манбаъ]Давраи ҳафтуми фестивали байналмилалӣ аз 24 то 28 октябри соли 2023 баргузор шуд. Дар ин давра театрҳои касбии лӯхтак аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ намуданд.[1]
Кишварҳои иштирокчӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тӯли солҳои баргузорӣ дар ҷашнвора намояндагони зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардаанд. Намоишномаҳо одатан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва забонҳои модарии иштирокчиён ба саҳна гузошта мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 «Чодари хаёл» — ин фестивали байналмилалӣ бори ҳафтум аст, ки дар Душанбе мегузарад. khovar.tj. 16 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Ҷашнвораи театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо ширкати 10 кишвар. ozodi.org. 16 феврали 2026 санҷида шуд.