Ҷаҳонгир Қаршиев
Ҷаҳонгир Қаршиевич Қаршиев | |
Таърихи таваллуд | 2 январ 1921 |
Зодгоҳ | вил. Сурхондарё, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 13 июн 1982 (61 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷаҳонгир Қаршиевич Қаршиев (тав. 2.01.1921, ноҳияи Сурчини вил. Сурхондарёи ҶШС Ӯзбекистон – ваф. 13.06.1982, шаҳри Душанбе), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1972), дотсент (1976).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1937–1939 муаллими забон ва адабиёти ӯзбекӣ дар мактаби миёнаи №28-и ноҳияи Шурчини вилояти Сурхондарё, 1939–1945 хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ- иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1945–1947 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Шурчини вилояти Сурхондарё, 1947–1951донишҷӯи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе, 1952–1954 директори мактаби миёнаи № 23-и ноҳияи Шурчин, 1954–1961 директори мактаби миёнаи шаҳри Термиз, 1962–1982 ба ҳайси муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор карда буд. Муаллифи як асар ва зиёда аз 10 мақолаҳои илмию методӣ буда, дар конференсияҳои илмию назариявӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Доираи корҳои тадқиқотиашро масъалаҳои баланд бардоштани маданияти иҷтимоии аҳолии хоҷагии қишлоқи солҳои 1946–1956 ташкил додаанд. Бо медалҳои шӯравӣ барои иштирок дар ҷанг ва қаҳрамонӣ мукофотонида шудааст. Осор.: Компартия Таджикистана в борьбе за подъем материального благосостояния колхозников (1946–1955гг.), Д.,1971; Подъем культурно-бытовых условий сельского населения (1946–1955гг.) // Ученые записки ДГПИ, т.76, Д.,1971.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 2 январ
- Зодагони соли 1921
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вил. Сурхондарё
- Даргузаштагони 13 июн
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ