Ҷеймс Ҷойс
Ҷеймс Ҷойс | |
|---|---|
| англ. James Augustine Aloysius Joyce | |
| | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | англ. James Augustine Aloysius Joyce[9] |
| Таваллуд |
2 феврал 1882[1][2][3][…] |
| Даргузашт |
13 январ 1941[4][3][6][…] (58 сол) |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | шоир, румоннавис, омӯзгор, муаллиф, нависанда, рӯзноманигор, мунтақиди адабӣ, насрнавис, либреттонавис |
| Солҳои эҷод | аз 1904 |
| Жанр | адабиёти достонӣ[12], шеър[12], psychological fiction[d] ва румони омӯзишӣ[d] |
| Забони осор | итолиёӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, инглисӣ[3][13], олмонӣ ва забони даниягӣ |
| Соядаст |
|
| jamesjoyce.ie(англ.) | |
Ҷеймс Ога́стин Алои́шес Ҷойс (англ. James Augustine Aloysius Joyce; 2 феврал 1882[1][2][3][…], Ратгар[d], Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирланд[d][4] ё Дублин[5] — 13 январ 1941[4][3][6][…], Зюрих[4][7][8][…]) — нависанда, рӯзноманигор ва омӯзгори ирландӣ, намояндаи модернизм.
Гурӯҳе румони «Улисс»-и вайро бузургтарин румони садаи бистум хондаанд. (Ин китоб, ки севумин асари Ҷеймз Ҷойс аст, дар соли 1922 дар Порис мунташир шуд). Тамоми осорашро на ба забони модарӣ, балки ба забони англисӣ менавишт. Аввалин асараш «Дублиниҳо» маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳест дар бораи Дублин ва мардумаш, ки гоҳе онро достони баланд ва бо дарунмояи ягона талаққӣ мекунанд. Ӯ ҳамроҳи Вирҷиния Вулф аз аввалин касоне буданд, ки ба шеваи ҷараёни сайёли зеҳн менавиштанд. Вай ба 13 забон ошноӣ дошт ва дастикам ба итолиёӣ ва фаронсавӣ мусаллат буд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷеймс Ҷойс дар хонаводаи миёнае дар Дублин ба дунё омад. Дар мактабу донишгоҳ, донишомӯзи боистеъдод буд. Дар аввалҳои даҳаи севуми зиндагӣ ба Аврупои қораӣ муҳоҷират кард ва дар шаҳрҳои Триест, Порис ва Зурих иқомат гузид. Гарчи бахши бузурге аз зиндагии ӯ дар бузургсолӣ берун аз Ирланд гузашт, ҷаҳони пиндории ӯ ба Дублин ва Ирланд нигаронида шудааст ва шахсиятҳои китобҳояш аз аъзои хонавода, дӯстон ва душманони ӯ дар замони иқоматаш дар Дублин илҳом гирифта шуда буд.
Ӯ аз ибтидои ҷавонӣ мухолифи бефарҳангӣ ва дунмоягии Дублин буд. Дар ҷавонӣ бисёр фарди мазҳабӣ буд, аммо дар 20-солагӣ бо гузашти замон аз ақоиди мазҳабии худ фосила гирифт, то битавонад ба аҳдофи адабӣ, ки барои худ таъйин карда буд, наздиктар шавад ва дониста худро ба доми табъид андохт ва ба иҷбор зодгоҳи худро ба мақсади Порис тарк кард. Вай баъд аз поёни таҳсилот дар соли 1902 дигар ба унвони як шахсияти табъидӣ буд, ба ҳамин далел аз кишвар хориҷ шуд ва дар Порис мустақар гашт. Бемории маргбори модараш бори дигар ӯро ба Дублин фаро хонд, сипас вай ба Триест ва Зурих сафар кард. Вай дар соли 1940 чашм аз дунё баст.

Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Эпифониёиҳо» (Epiphanies) 1901—1903
- «Мусиқии маҷлисӣ» (Chamber Music) 1902—1906
- «Портрети марди ҳунарманд» (A Portret of the Artist) 7 январи 1904.
- «Идораи муқаддас» (The Holy Office) 1904
- «Дублиниҳо» (Dubliners) 1904—1914
- «Газ аз сӯзонак» (Gas From A Burner) 1912, сентябр
- «Ҷакомо Ҷойс» (Giacomo Joyce) 1911—1914 (пас аз маргаш нашр шудааст)
- «Қаҳрамон Стефен» (Stephen Hero) [баъдтар ба романи «Портрети марди ҳунарманд дар ҷавонӣ» табдил дода шудааст]
- «Портрети марди ҳунарманд дар ҷавонӣ» (A Portrait of the Artist As a Young Man) 1907—1914
- «Фирориён» (Exiles) 1914—1915
- «Улисс» (Ulysses) 1914—1921
- «Сиккае як дирам» (Pomes Penyeach) 1927
- «Инак, тифл» (Ecce Puer) 1932
- «Шабзиндадории Финнеганҳо» (Finnegans Wake) 1922—1939
- «Гурба ва шайтон» (The Cat and the Devil) 1936 (нома ба набера; пас аз маргаш нашр шудааст)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Atherton J. S. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Джойс Джеймс // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
- ↑ 6.0 6.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 7.0 7.1 Flann O'Brien, James Joyce, and The Dalkey Archive (ингл.) // New Hibernia Review — University of St. Thomas, Philosophy Documentation Center. — ISSN 1092-3977; 1534-5815
- ↑ 8.0 8.1 http://muse.jhu.edu/books/9780472025930?auth=0
- ↑ WikiTree (ингл.) — 2005.
- ↑ http://www.nytimes.com/2011/05/01/travel/01trieste-italy.html?_r=1&pagewanted=all
- ↑ https://www.nytimes.com/books/00/01/09/specials/joyce.html
- ↑ 12.0 12.1 Goodreads (ингл.) — 2006.
- ↑ CONOR.Sl
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 2 феврал
- Зодагони соли 1882
- Даргузаштагони 13 январ
- Даргузаштагони соли 1941
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо