Ҷованни Гориа
итол. Giovanni Goria | |
![]() | |
Таваллуд |
30 июл 1943[1][2][3] |
Даргузашт |
21 май 1994[1][2][3] (50 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | итол. Giovanni Goria |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
![]() |
Ҷованни Ҷузеппе Гориа ( итол. Giovanni Giuseppe Goria; 30 июли 1943, Асти – 21 майи 1994, Асти) – арбоби сиёсӣ ва давлатӣ, сарвазири Итолиё аз 28 июли 1987 то 13 апрели 1988. Аз соли 1960 аъзои Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Вай бори нахуст соли 1976 ба палатаи депутатҳо интихоб шуд ва баъд роҳи ӯ ба сиёсати калон оғоз ёфт. Аз соли 1981 то соли 1982 муовини вазири хазинадорӣ буд. Солҳои 1982—1987 — вазири хазинадорӣ. Вай дар байни интихобкунандагони итолиёвӣ бо услуби ором ва маҳорати худ ҳангоми баромадҳои телевизионӣ маъруфият пайдо кард. Ӯ намояндаи "маркази чап" дар Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё ва шарики Алдо Моро ҳисобида мешуд.
Моҳи июли соли 1987 ӯ кабинети вазирони худро ташкил ва сарварӣ мекард, аммо дар ҳукумат як сол ҳам кор накард. Пас аз истеъфо аз мақоми сарвазир, ӯ соли 1989 вакили парлумони Аврупо интихоб шуд.
Вай дар Девони Ҷулиу Андреоттӣ вазири кишоварзӣ буд (1991-1992). Дар соли 1992, ӯ вазифаи вазири молияро дар Девони Ҷулиану Амату гирифт. Дар соли 1993 моҷарои бузурги фасод ба вуқӯъ пайваст, ки дар он бисёре аз шахсиятҳои муҳими Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё ширкат доштанд ва Гориа маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.
Ҳатто пеш аз анҷоми тафтишот, 21 майи соли 1994, ӯ дар зодгоҳаш Асти даргузашт.
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ 3.0 3.1 Munzinger Personen (нем.)
- Зодагони 30 июл
- Зодагони соли 1943
- Зодагони Италия
- Даргузаштагони 21 май
- Даргузаштагони соли 1994
- Даргузаштагони Итолиё
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Сарвазирони Итолиё
- Сарварони асри XX
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сиёсатмадорони Итолиё
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо