Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино - ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аст. Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино 1 марти соли 1967 бо Қарори Совети Вазирона ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино барои комёбиҳои намоёни илмӣ, барои асарҳое, ки ба ихтироъу истифодаи фоидабахштарини материалҳо, мошинҳо ва механизмҳо бахшида шудаанд, технологияи наву самарабахш, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешкадами истеҳсолӣ–техникӣ, ки дар хоҷагии халқ аҳамият дорад, барои иншооти техникии оригиналӣ, муваффакиятҳои барҷаста дар истеҳсолот дода мешавад. Ба ашхоси сазовори ҷойиза гардида диплом, нишони фахрӣ ва маблаѓи муайяни пулӣ супурда мешавад.
Аввалин дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино соли 1967 - Алоуддин Баҳоваддинов (фалсафа), Акбар Махсумов (кишоварзӣ), Зариф Раҷабов (таърих), Комил Тоҷиев (тиб).
Соҳибунвонҳо[вироиш]
- Абдулғанӣ Мирзоев
- Абдулҳамид Ҷӯраев
- Абдуғаффор Абдуҷабборов
- Акбар Махсумов
- Акобир Адҳамов
- Александр Николаевич Болдирев
- Аҳрор Мухторов
- Баҳодур Искандарович Искандаров
- Бобоҷон Ғафуров
- Борис Анатолевич Литвинский
- Доброволский Олег Василевич
- Евгений Никанорович Павловский
- Зариф Раҷабов
- Захаров Сергей Акимович
- Иван Николаевич Антипов-Каратаев
- Изатулло Ғаниев
- Ислом Абдусаломов
- Камолиддин Бойматов
- Каримов Хуршед Ҳилолович
- Красичков Вячеслав Прокофевич
- Мамадшо Илолов
- Минҳоҷ Ғуломов
- Мирзо Турсунзода
- Леонид Григоревич Михайлов
- Муҳаммад Осимӣ
- Муҳаммадҷон Шакурӣ
- Мусо Диноршоев
- Неъматулло Усмонов
- Нуриддин Қаюмов
- Нусрат Раҷабов
- Нӯъмон Неъматов
- Оғоназар Ақназаров
- Пӯлод Бобоҷонов
- Рауф Баротов
- Рашид Раҳимов
- Раҳим Марупов
- Раҳим Масов
- Раҷаб Амонов
- Садриддин Айнӣ
- Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев
- Султон Умарович Умаров
- Талбак Назаров
- Эшонхон Нӯъмонов
- Юсуф Носиров
- Ғулом Алиев
- Ҳамид Мансуров
- Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов
Манобеъ[вироиш]
Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983. – с. 538-539.[1]