Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷомеъаи шаҳрвандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷомеъаи шаҳрвандӣҷомеъаест, ки дар он шаклҳои гуногуни моликият ва намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ҳама замина барои ташвиқи қоидаҳои ғоявӣ (шаҳрвандон метавонанд оэодона афкори худро изҳор иамоянд, барои паҳн кардани ақидаҳои худ иттиҳодияҳои гуногун, аз ҷумла, иттиҳодияҳои сиёсӣ барпо намоянд), инчунин ягонагии муайяни манфиати фардӣ ва ҷамъиятӣ (дастаҷамъӣ) вучуд дорад. Чй тавре ки ҷомеъа ба ҳар як узви худ ғамхорӣ зоҳир мекунад, инчунин фард ҳам манфиатҳои ҷомеъаро эҳтиром менамояд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «ҷомеъаи шаҳрвандӣ» бевосита ифода наёфта бошад ҳам, дар он баъзе нишонаҳои ба ҷомеъаи номбурда хос инъикос ёфтаанд (масалан, дар дебоча дар хусуси бунёди ҷомеъаи адолатпарвар, дар моддаи 8 дар он хусус сухан меравад, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёси ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, дар моддаи 12 дар он хусус сухан меравад, ки асоси иқтисодии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад).

Хулоса, ҷомеъаи шаҳрвандиро ҳамчун — таъмини сатҳи муайяни ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилй, равонӣ, ахлоқӣ, байнифардӣ ва иттилоотии ҷомеъа фаҳмидан мумкин аст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 563