Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2025
Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2025 | |
|---|---|
| FIFA Club World Cup 2025 | |
| | |
| Замони баргузорӣ | 14 июн – 13 июл 2025 |
| Макони баргузорӣ |
|
| Шумораи иштирокчиён | 32 (аз 6 конфедератсия) |
| Варзишгоҳҳо | 12 (дар 11 шаҳри мизбон) |
| Вебгоҳи расмӣ | fifa.com/en/tournaments/… |
| Қаҳрамон |
|
| Финалист |
|
| Омори мусобиқа | |
| Голҳои задашуда | 195 (3,1 дар як бозӣ) |
| Ҳузури тамошобинон | 2 492 062 (39 557 дар як бозӣ) |
| Голзанҳо |
|
| Бозикуни мусобиқа |
|
Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои футболи соли 2025 — ин мусобиқаи футболӣ мебошад, ки аз 14 июн то 13 июли соли 2025 дар ИМА баргузор мешавад[1]. Ин 21-умин даври мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои футбол аст ва аввалин бор он бо қолаби нав[2] баргузор мегардад, ки дар он 32 бошгоҳ аз шаш конфедеросиюни қитъавӣ ширкат меварзанд. Ҳаҷми умумии ҷоизаҳо 1 миллиард долларро ташкил медиҳад[3].
Тағйири қолаби мусобиқа
[вироиш | вироиши манбаъ]Саҳмиябандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]14-уми феврали соли 2023, Шӯрои ФИФА тақсимоти роҳхатҳоро байни конфедеросиюнҳои қоравӣ барои Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2025 тасдиқ кард. Ҳар як конфедеросиюн барои интихоб кардани дастаҳо меъёрҳои худро истифода бурд[4].
Дар ҷараёни интихоб натиҷаҳои давраи муқаддамотии солҳои 2021 то 2024 ба эътибор гирифта мешуданд. Ҳамзамон, қаҳрамонҳои қитъавӣ дар ҳар як мавсими ин давра ба таври худкор ба мусобиқа роҳхат ёфтанд. Барои пур кардани ҷойҳои боқимонда, конфедеросиюнҳо аз низоми баҳогузорӣ истифода бурданд: се хол барои ғалаба, як хол барои мусовӣ ва се хол барои роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии мусобиқа. Иттиҳоди футболи Урупо (УЕФА) аз ин қоида истисно буд, зеро он дорои низоми хуб ташаккулёфта ва собитшудаи ҳисобу китобии рейтингҳои бошгоҳӣ мебошад. Лекин ишғол кардани ҷойҳои болоӣ дар рейтинги бошгоҳии УЕФА ба таври худкор кафолати ширкат дар мусобиқаро намедиҳад. Тибқи муқаррарот, аз як кишвари узв на зиёда аз ду даста метавонанд дар мусобиқа ширкат варзанд. Масалан, пирӯзиҳои «Челси» ва «Манчестер Сити» дар Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА дар солҳои 2021 то 2024 боиси он гардиданд, ки роҳ барои дигар дастаҳои Лигбартари Инглистон баста шуд ва ба ҳамин тартиб «Ливерпул» имкони ширкат дар мусобиқаи ҷаҳониро аз даст дод.
| Конфедеросиюн | Бошгоҳ | Роҳхат | Санаи роҳхатгирӣ | Иштирок |
|---|---|---|---|---|
| Мизбон (1 даста) | Ғолиби MLS 2024 | 19 октябри 2024 | 1-ум | |
| АФК (4 даста) | Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои АФК 2021 | 14 марти 2023 | 4-ум (Қаблан: 2019, 2021, 2022) | |
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои АФК 2022 | 6 майи 2023 | 4-ум (Қаблан: 2007, 2017, 2023) | ||
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои АФК 2023/24 | 25 майи 2024 | 2-юм (Қаблан: 2018) | ||
| Беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги чаҳорсолаи АФК | 17 апрели 2024 | 3-юм (Қаблан: 2012, 2020) | ||
| КАФ (4 даста) | Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КАФ 2020/21 Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КАФ 2022/23 Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КАФ 2023/24 |
14 марти 2023 | 10-ум (Қаблан: 2005, 2006, 2008, 2012, 2013, 2020, 2021, 2022, 2023) | |
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КАФ 2021/22 | 14 марти 2023 | 3-юм (Қаблан: 2017, 2022) | ||
| Беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги чаҳорсолаи КАФ | 26 апрели 2024 | 4-ум (Қаблан: 2011, 2018, 2019) | ||
| 2-юмин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги чаҳорсолаи КАФ | 26 апрели 2024 | 2-юм (Қаблан: 2016) | ||
| КОНКАКАФ (4 даста) | Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КОНКАКАФ 2021 | 14 марти 2023 | 6-ум (Қаблан: 2011, 2012, 2013, 2019, 2021) | |
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КОНКАКАФ 2022 | 14 марти 2023 | 2-юм (Қаблан: 2022) | ||
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КОНКАКАФ 2024 | 1 июни 2024 | 5-ум (Қаблан: 2007, 2008, 2010, 2017) | ||
| Ғолиби бозии ҳазфӣ | 31 майи 2025 | 1-ум | ||
| КОНМЕБОЛ (6 даста) | Ғолиби Ҷоми Либертадорес 2021 | 14 марти 2023 | 3-юм (Қаблан: 2020, 2021) | |
| Ғолиби Ҷоми Либертадорес 2022 | 14 марти 2023 | 3-юм (Қаблан: 2019, 2022) | ||
| Ғолиби Ҷоми Либертадорес 2023 | 4 ноябри 2023 | 2-юм (Қаблан: 2023) | ||
| Ғолиби Ҷоми Либертадорес 2024 | 30 ноябри 2024 | 1-ум | ||
| Беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги чаҳорсолаи КОНМЕБОЛ | 14 майи 2024 | 3-юм (Қаблан: 2015, 2018) | ||
| 2-юмин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги чаҳорсолаи КОНМЕБОЛ | 22 августи 2024 | 2-юм (Қаблан: 2007) | ||
| ОФК (1 даста) | Беҳтарин даста миёни ғолибони Лига Қаҳрамонҳои ОФК тибқи рейтинги чаҳорсолаи ОФК | 17 декабри 2023 | 12-ум (Қаблан: 2006, 2009, 2011, 2012, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2022, 2023) | |
| УЕФА (12 даста) | Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2020/21 | 14 марти 2023 | 3-юм (Қаблан: 2012, 2021) | |
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2021/22 Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2023/24 |
14 марти 2023 | 7-ум (Қаблан: 2000, 2014, 2016, 2017, 2018, 2022) | ||
| Ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2022/23 | 10 июни 2023 | 2-юм (Қаблан: 2023) | ||
| Беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 17 декабри 2023 | 3-юм (Қаблан: 2013, 2020) | ||
| 2-юмин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 17 декабри 2023 | 1-ум | ||
| 4-умин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 17 декабри 2023 | 2-юм (Қаблан: 2010) | ||
| 5-умин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 17 декабри 2023 | 1-ум | ||
| 7-умин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 17 декабри 2023 | 1-ум | ||
| 3-юмин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 6 марти 2024 | 1-ум | ||
| 8-умин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 12 марти 2024 | 1-ум | ||
| 6-умин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 16 апрели 2024 | 1-ум | ||
| 9-умин беҳтарин дастаи қобили ширкат тибқи рейтинги коэффисиентҳои чаҳорсолаи УЕФА | 17 апрели 2024 | 1-ум |
Бозии ҳазфӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ибтидо «Леон» бояд ҳамчун ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои КОНКАКАФ 2023 дар мусобиқа ширкат мекард. Вале 21-уми марти соли 2025 Кумитаи шикоятии ФИФА иштироки ин дастаро манъ намуд, зеро қоидаҳои марбут ба соҳибияти якчанд даста вайрон шуда буданд (Бошгоҳҳои «Леон» ва «Пачука» молики ягона доранд)[5]. 6-уми майи ҳамон сол, Суди ҳакамии варзишӣ (CAS) шикоятҳои «Леон», «Пачука» ва «Алахуэленсе»-ро, ки ба ФИФА пешниҳод шуда буданд, рад кард. Бо ин қарор, хориҷшавии «Леон» расман тасдиқ шуд ва ба ҷойи он, роҳхати Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо ба ғолиби бозии ҳазфӣ миёни тимҳои «Лос-Анҷелес» — дастае, ки дар Лигаи Қаҳрамонҳои КОНКАКАФ 2023 пас аз «Леон» ҷойи дуюмро ишғол кард ва «Америка» — дастае, ки бар асоси натиҷаҳои Лигаи Қаҳрамонҳои КОНКАКАФ 2024 дар садри рейтинги конфедеросиюни КОНКАКАФ қарор дошт, эҳдо шуд[6][7]. 16 майи соли 2025 ФИФА расман эълон кард, ки бозӣ рӯзи 31 май баргузор мегардад ва мизбонии онро бошгоҳи футболи «Лос-Анҷелес» дар варзишгоҳи «BMO Stadium»-и шаҳри Лос-Анҷелес ба ӯҳда хоҳад дошт[8].
| Лос-Анҷелес |
2:1 (экстра тайм) | |
|---|---|---|
|
Ҳисобот | Брайан Родригес |
Варзишгоҳҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Доварон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷадвал
[вироиш | вироиши манбаъ]Марҳилаи гурӯҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Марҳилаи ҳазфӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мукофотпулӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ FIFA Club World Cup 2025: Everything you need to know. FIFA.com. ФИФА.
- ↑ FIFA Council votes for the introduction of a revamped FIFA Club World Cup, FIFA (15 марти 2019).
- ↑ Призовой фонд клубного чемпионата мира превысит $1 млрд(рус.). Рейтинг Букмекеров (6 марти 2025).
- ↑ How did teams qualify for Club World Cup 2025? FIFA rules, selection criteria explained, The Sporting news (05.12.2024).
- ↑ "FIFA Appeal Committee decision on CF Pachuca and Club León" (Press release). FIFA. March 21, 2025. Retrieved May 6, 2025.
- ↑ Vertelney, Seth. Club America and LAFC set for Club World Cup playoff after Leon appeal denied, USA Today (May 6, 2025). Проверено 6 май 2025.
- ↑ "FIFA takes decision on last FIFA Club World Cup 2025 participating team" (Press release). FIFA. May 6, 2025. Retrieved May 6, 2025.
- ↑ "Heavyweights LAFC and Club América to clash in Los Angeles on 31 May for final FIFA Club World Cup 2025 berth" (Press release). FIFA. 2025-05-16. Retrieved 2025-05-16.