Ҷоми ҷаҳон ФИФА

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҷоизаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол — Ҷоми ҷаҳон ФИФА — Ҷоми расмӣ дар асоси қоидаҳои Федератсияи футболи ҷаҳонӣ ФИФА ба ғолиби мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар 4 сол як маротиба супорида мешавад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол аз 5 кг тиллои 18-карата сохта шудааст. Соли бароришаш ба соли 1974 рост меояд. Он 36,5 см баландӣ дошта, қутраш ба 13 см баробар аст. Дар маҷмӯъ ин ҷоиза 6 килову 175 гр вазн дорад. Дар он ду нафар таҷассум ёфтаанд, ки бо дастонашон кураи заминро нигоҳ медоранд. Онро ҳайкалтароши италиягӣ Силвиё Гассанӣ тарроҳӣ кардааст.

Ҷоми ҷаҳонро бори аввал дар чемпионати соли 1974 футболбози немис Франс Беккенбауэр болои сар бардоштааст. Он ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол супурда мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА боқӣ мемонад.

Бар асоси қоидаҳои Федератсияи футболи ҷаҳонӣ ба Ҷоми расмӣ метавонанд танҳо ғолибони мусобиқот ва сарони давлатҳо даст расонанд. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ё дастае супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахабе, ки ғолиби мусобиқот мегардад, бар ивази он нусхаи Ҷомро бо худ мебарад.

Ҷоми Жюл Риме[вироиш]

Ҷоми ҷаҳон ФИФА[вироиш]

Всего[вироиш]

Кишвар Ҷоми Жюл Риме Ҷоми ҷаҳон ФИФА Ҷамъ
 Бразилия 3 2 5
 Итолиё 2 2 4
 Олмон (ФРГ) 1 3 4
 Аргентина 0 2 2
 Уругвай 2 0 2
 Фаронса 0 1 1
 Англия 1 0 1
 Испания 0 1 1


Рӯнамоӣ Ҷоми ҷаҳон дар Тоҷикистон[вироиш]

5 феврали соли 2018. Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як сафҳаи рангину навини варзишро дар ҳаёти худ навишта кард, ки он мансуб ба футбол мебошад. Ҷоми ҷаҳон дар доираи сайри худ ба сарзамини тоҷикон оварда шуд. Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бо ҳавопаймои махсусе ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аввалин шуда, Ҷоми ҷаҳонро дар сарзамини мо рӯнамоӣ кард. Ба Тоҷикистон овардани Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол рӯйдоди фараҳбахш буд. Ҷоми Чемпионати ҷаҳонро футболбози шӯҳратёр, чемпиони чаҳону Аврупо, ситораи футболи клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид Кристиан Карамбё ба Душанбе ҳамроҳӣ мекард. Ҳамин тавр тамошои Ҷоми ҷаҳон, ки дар сайёра аз муқаддастарин ҷоиза ба шумор меравад, шурӯъ гардид. Сайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон аз Тоҷикистон ба дигар гӯшаҳои кураи замин идома ёфт.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

14 июн дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Москва бо бозии байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 оғоз ёфт.[1].

Дар бораи рафти мусобиқаи футбол дар ҳамиҷо — Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 маълумот оварда шудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. ЧЕМПИОАНАТИ ҶАҲОН-2018: Ҷоми ҷаҳон ба Москва баргашт. khovar.tj (5 июни 2018). 5 июни 2018 санҷида шуд.