Jump to content

Ҷонас Солк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷонас Солк
англ. Jonas Salk
Таърихи таваллуд 28 октябр 1914(1914-10-28)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 июн 1995(1995-06-23)[1][2][3][…] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ вирусшиносӣ ва epidemiology[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Thomas Francis, Jr.[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷонас Солк (англ. Jonas Edward Salk; 28 октябри 1914, Ню-Йорк23 июни 1995, Ло Ҳуё) — амрикоӣ, вирусшинос. Ҳамчун яке аз ихтироъкорони нахустин ваксинаҳо бар зидди полиомиелит (дар ҳамкорӣ бо олимони амрикоӣ Ҳилари Копровский ва Алберт Сейбин, мебошанд, ки бо ҳамкории зич бо олимони шӯравӣ Михаил Чумаков ва Анатолий Смородинтсев) кор кардаву маъруфият дорад.

Ҷонас дар хонаводаи Даниил ва Дора Солк — муҳоҷирони яҳудии зодаи Лаҳистон — ба дунё омадааст. Ӯ ду бародар низ дошт — Ҳерман ва Ли. Хонавода аввал дар Гарлеми Шарқӣ, сипас дар Бронкс ва баъдтар дар Кувинс зиндагӣ мекарданд. Даниил Солк дӯзандаи либосҳои занона буд ва тавонист ба фарзандонаш таҳсили хуби мактабӣ фароҳам оварад. Ҷонас дар Коллеҷи шаҳрии Ню-Йорк таҳсил кард. Баъдан дар Донишгоҳи Ню-Йорк дараҷаи докторӣ дар риштаи тибро ба даст овард.

9 июни соли 1939 бо Донна Линдси Калпин, ки бо ӯ ҳанӯз дар замони таҳсил дар коллеҷ шинос шуда буданд, издивоҷ кард. Соли 1968 онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Аз ин издивоҷ се фарзанд доштанд: Питер, Даррел ва Ҷонатан.

Соли 1970 бо рассоми фаронсавӣ Франсуаза Жило (1921–2023) издивоҷ кард, ки қаблан ҳамсафари зиндагии Пабло Пикассо ва модари ду фарзанди ӯ буд.

Кор ва пажӯҳиш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1943 Солк ваксинаи муассир бар зидди зукомро ихтирох кард, ки дар солҳои охири Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба таври васеъ дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва кишварҳои муттаҳид истифода мешуд.

Аз соли 1947 Солк дар факултети тибби Донишгоҳи Питтсбург ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард.

Соли 1948 ӯ дар як лоиҳае, ки аз ҷониби Фонди миллии фалаҷи кӯдакона маблағгузорӣ мешуд, иштирок кард. Ҳадафи лоиҳа муайян кардани шумораи навъҳои гуногуни вируси полиомиелит буд. Ҳангоми анҷом додани пажӯҳишҳо, Солк имкони васеъ кардани ин лоиҳаро барои таҳияи ваксина бар зидди полиомиелит эҳсос кард. Бо ҳамроҳии як гурӯҳ пажӯҳишгарони пуртаҷриба, ки худаш ҷамъ оварда буд, Солк ҳафт соли ояндаро пурра ба ин кор бахшид. Дар таҳқиқотҳояш ӯ аз «ҳуҷайраҳои ҷовидона»-и HeLa истифода бурд[5].

Солк тасмим гирифт, ки ваксинаи сохтаашро патент накунад ва аз он суди молие набарад, то паҳншавии он дар саросари ҷаҳон ба ҳадди аксар расонида шавад [6]. Дар ҷавоб ба онҳе ки аз ӯ пурсиданд то ваксинаро сабти ихтироъ/патент кунад ӯ чунини гуфт:

“ Хеч сабти ихтироъе вуҷуд надорад. Оё метавонед хуршедро сабт ихтироъ кунед[7]? “

Дар натиҷаи истифодаи васеи ваксина (солҳои 1956—1961) миёни кӯдакони гурӯҳҳои синнусолие, ки бештар аз ин беморӣ сироятӣ осебпазир буданд, сатҳи гирифторшавӣ ба 96% коҳиш ёфт.

Дар солҳои охири умраш Солк барои сохтани ваксина бар зидди ВНМО низ иштирок кард.

Мукофотҳо ва эътироф

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Who Named It? (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  4. Union List of Artist Names (ингл.) — 2018.
  5. Кордейро, Вуд, 2021, Боб 1.
  6. About Jonas Salk(англ.). Salk Institute for Biological Studies. 24 апрели 2025 санҷида шуд.
  7. George Johnson. Once Again, A MAN WITH A MISSION (en-US), The New York Times (25 ноябри 1990). Проверено 26 апрели 2025.

Хосе Луис Кордейро, Дэвид Вуд. . — 2021. — 376 с. — ISBN 978-5-9614-3809-3..