Ҷонибек Қувноқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷонибек Қувноқ
Ҷонибек Қувноқов
Jonibek.jpg
Санаи таваллуд:

10 ноябр 1941(1941-11-10)

Зодгоҳ:

ноҳияи Фориш, вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон

Санаи марг:

6 ноябр 1990(1990-11-06) (48 сол)

Маҳалли марг:

шаҳри Тошканд

Шаҳрвандӣ:

 Ӯзбекистон

Навъи фаъолият:

шоир, тарҷумон

Забони осор:

тоҷикӣ

Ҷонибек Қувноқ (Ҷонибек Қувноқов, форсӣ: جانی بیک قوناق‎; 10 ноябри 1941, вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон — 6 ноябри 1990, Тошканд) — шоир, мутарҷим, рӯзноманигор. Мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1970—1989). Узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони ИҶШС (аз соли 1969). Корманди шоистаи маданияти ҶШС Ӯзбекистон (аз соли 1984).

Зиндагинома[вироиш]

Ҷонибек Қувноқ 10 ноябри соли 1941 дар деҳаи Порашт, ноҳияи Фориш, вилояти Ҷиззах (Дизак)-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Падару модараш бобои Қувноқ ва момои Оча ӯро дар паҳлуи дигар бародару хоҳаронаш поку нек парвариш дода калон мекунанд. Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 10 деҳаи Синтаб, ки ҷузви ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд (ҳоло вилояти Навоӣ) мебошад, фаро мегирад. Соли 1959 пас аз хатми мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи олии омӯзгории Ленинобод (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм менамояд.

Ҷонибек дар айни авҷи камол зиндагиро падруд мегӯяд. Ӯ 6 ноябри соли 1990 дар синни 49 солагӣ аз сактаи қалб вафот мекунад. Ӯро дар зодгоҳаш — деҳаи Порашт ба хок месупоранд. Нигаҳдорӣ ва парвариши оилааш дар Тошкандшаҳр ба дӯши ҳамсари меҳрубон ва сахткӯши ӯ Кимиё Қувноқова меафтад. Ҳоло фарзандони тарбиятдидаи ӯ Баҳодур, Ҷаҳонгир, Нигина, Фирӯз ва Фирдавс бузург шудаанд, ҳама мутааҳҳил ва соҳиби касбу коранд.


Фаъолияти корӣ[вироиш]

Ҷонибек пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти кории худро дар мактаби рақами 11 ба номи Мирзо Бедил дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) оғоз мекунад ва аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва торих дарс мегӯяд. Солҳои 1964—1965 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ хидмати низомиро адо менамояд. Пас аз сарбозӣ ба зодгоҳ баргашта касби омӯзгориро идома медиҳад.

Ҷонибек аз моҳи марти соли 1966 то дами вафоташ (6 ноябри соли 1990) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») кор мекунад. Нахуст шуғли асосиаш мутарҷимӣ буд. Аз соли 1970 то соли 1989 мудирияти шуъбаи адабиёт ва ҳунарро ба ӯҳда дошт. Дар соли 1989 ҷонишини сармуҳаррир таъйин мегардад.

Ҳамзамон бо кори рӯзноманигорӣ, Ҷонибек ба унвони як нафар равшанфикр ва ҷонсупори миллат ягона барномаи телевизионии «Рангинкамон»-ро ба забони тоҷикӣ пайрезӣ кард, дар такмилу пешрафти шуъбаҳои тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Маркази байналмилалии фарҳанги ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошт, дар садри мутарҷимини ӯзбекӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-ӯзбекӣ қарор гирифт.


Фаъолияти эҷодӣ[вироиш]

Ҷонибек агарчи умри кӯтоҳ дид, тавонист дар адабиёти қарни XX тоҷик пайи носутурданӣ боқӣ гузорад. Ӯ чун кабки хушилҳоне аз мағзи кӯҳсори Нурато, аз дили ҷӯйбору марғзори Порашти бостонӣ ба парвоз омаду овози дили пурнавои худро тавассути ашъори нобу содаи худ ба самъи мардуми зебоипараст, дӯстдорони каломи бадеъ расонд. Даҳҳо шеъру ғазали ӯ аз сӯйи овозхонҳои маъруф дар пардаи оҳангҳои дилнишин садо додаанд. Шоир дар канори шеъру чаҳорпораҳои худ ба гунаи ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, мухаммас низ сухан ба риштаи назм кашид ва дар офаридаҳои ӯ бештар мавзӯоти ишқу муҳаббати беғубор, ҳисси ватандӯстӣ, тараннуми зебоиҳои табиату олами сеҳрангези одаму атроф, меҳри модару падар, дӯстиву дӯстдорӣ, ҳунар, кору заҳмату орзуву омоли одамҳои одӣ матраҳ шудаанд. Ба таъбири устоди сухан Лоиқ Шералӣ навиштаҳои ӯ «…кӯлборест аз дӯши марди сафар дар роҳ уфтода ва агар ҳар роҳгузаре сари вақт ба он бархӯрд кунад, порае тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ хоҳад ёфт, тӯшае, ки рангу бӯйи лаҳазоти талху ширини умри кӯтаҳбақои шоирро дорад. Тӯшае, ки соҳибаш беш аз сӣ сол зарра-зарра андӯхта, инак дар раҳгузори фардо ниҳодааст» («Тӯшаи шоир барои фардо» — сарсухани китоби «Саховат», саҳ.5).

Шеъри шоир моломоли ҳиссиёти гарми инсонӣ, баёнгари хасоили неке чун хоксорӣ, сабру бардошт, сидқу вафо, раҳмдилӣ ва дарёдилӣ аст. Ӯ дуо мекунад:

Кош рӯзи вопасин ман пеши поят ҷон диҳам,

Ё бароят ҷон диҳам, ё ки ба ҷоят ҷон диҳам.

Шоир Ҷонибек Қувноқ на танҳо шеър эҷод мекард, ӯ ҳамчунин журналисти чашмикордоне буд, ки ҳодтарин масоилу муаммоҳои ҳаёти ҳаррӯзаро сари вақт дарк мекард, дақиқназарона дарду нуқсон ва ҳамзамон бурду пешрафтҳои ҷомеаро дар мақолаҳои худ акс менамуд. Ӯ, гузашта аз ин, адабиётшинос буд, ба вижа, ба қаламиҳои шоиру нависандагони ҷавон баҳои ҳаққонӣ медод, фикрҳои интиқодии худро бо далоили эътимодбахш баён мекард. Веростории чандин маҷмӯаи шеърӣ ва насрии эҷодкорони ӯзбекистонӣ аз сӯйи ӯ сурат гирифтааст ва яке аз охирин корҳои судманди муҳарририи ӯ баёзи назму насри «Гулдастаи Самарқанд» маҳсуб мешавад, ки тавассути нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғуломи шаҳри Тошканд ва нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе дар соли 1989 ба табъ расидааст.


Дафтарҳои шеър[вироиш]

Шоир Ҷонибек Қувноқ ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ ба шеъру шоирӣ алоқаи вофир дошта, ки шеъргунаҳои ӯ даст ба дасти ҳамсинфу дӯстонаш мегаштааст. Аммо нахустин шеъраш соли 1961 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп мешавад. То имрӯз тавассути муассисаҳои табъу нашри Ӯзбекистону Тоҷикистон чанд маҷмӯаи шеърии ӯ ба дасти хонандагон расидааст. Аз ҷумла, «Қарз» (Душанбе: Ирфон, 1973), «Арзи дил» (Душанбе: Ирфон, 1977), «Юрак тӯлқинлари» (ба забони ӯзбекӣ; Тошкент: Ёш гвардия, 1977), «Ифтихор» (Душанбе: Адиб, 1982), «Розҳо» (Душанбе: Адиб, 1987), «Зангӯла» (зери таҳрири Одина Мирак; Душанбе: Адиб, 1990), «Саховат» (бо таҳрири Саидалӣ Маъмур ва сарсухани Лоиқ Шералӣ; Душанбе: Адиб, 1998), «Чароғи сухан» (бо веростории Гурез Сафар; Душанбе: Адиб, 2010).

Тарҷумонӣ[вироиш]

Устод Лоиқ Шералӣ дар сарсухани китоби «Саховат» ҳамчунин менигорад: «Ҷонибек, ба қавли худаш, „пайвандгари ду соҳил“ — шаҳпуле буд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, шаҳпуле буд миёни тоҷикону ӯзбекон. Осори тоҷикиро ба ӯзбекӣ, осори ӯзбекиро ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Миёни тоҷикону ӯзбекон ҳамеша тор метанид ба хотири дӯстӣ, бародарӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, ваҳдати маънавӣ ва рӯҳонӣ, ҳақиқат, адолат, садоқат, самимият, ғуруру ифтихор, нангу номус ва якпорчагии миллати тоҷик ҷон меканд, метапид, мекоҳид, месӯхт…».

Азбаски Ҷонибек Қувноқ донандаи хуби забони ӯзбекӣ буд, ба роҳатӣ бисёр осори шоирони классику муосири тоҷик, намунаҳое аз ашъори Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Ҷомӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Маъдан, Савдо, Аҳмади Дониш, Саҳбо, Шоҳин, Асирӣ, Айнӣ, Ҳайрат, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Мавҷуда Ҳакимова, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода, Лоиқ, Гулрухсор ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ ва намунаҳое аз осори адибони ӯзбек, ба монанди Алишер Навоӣ, Назармат, Нормурод Нарзуллоев (Нарзий), Эркин Воҳидов, Барот Бойқобилов, Абдулло Орипов, Ӯткир Ҳошимовро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Яке аз тарҷумаҳои нағзи Ҷонибек суруди ваҳдатии «Тоҷикам» ба шумор меравад, ки он дар заминаи шеъри шоири ӯзбек Барот Бойқобилов — «Меҳрнома ба халқи тоҷик» падид омадааст ва соли 1985 дар ҷашнвораи фарҳангии Даҳаи адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон суруда шуда буд. Ин шеър бо байти зерин оғоз меёбад:

Дар ҷаҳон олӣ биное кардӣ барпо, тоҷикам,

Нур бигрифт аз ҷамолат рӯйи дунё, тоҷикам.

Бузургдошти шоир[вироиш]

Ҷонибек Қувноқ ҳамчун корманди рӯзномаи давлатӣ, узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони ҷумҳурӣ, котиби раёсати Иттиҳоди журналистон ва раиси Шӯрои адабиёти тоҷики Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон масъулияти бузурги кориву ҷамъиятӣ ба дӯш дошт. Албатта, ин ҳама фаъолият ва давутози ӯ беқадр намондааст. Ӯ ба ҷуз таҳсинномаю медалҳои зиёд ба унвони боифтихори Корманди шоистаи фарҳанги ҶШС Ӯзбекистон сазовор шудааст. Гузашта аз ин, бузургии шоир дар он аст, ки тавонист номи неки худро дар дилу ёди халқҳои тоҷику ӯзбек боқӣ гузорад. Шоир Лоиқ Шералӣ — дӯсту ҳамрози ҳамешагиаш, ки ба ӯ хеле эҳтиром мегузошт ва пас аз маргаш ашъори ӯро дубора мураттаб карда ба дасти хонандагон расонид, дар поёни сарсухани худ ба китоби «Саховат» (саҳ.7) менигорад: "Ном ва рӯҳи Ҷонибек зинда аст. Мактаби деҳаи Фориши куҳна (Порашт), ки Ҷонибек онро хатм карда ва соле ҳам омӯзгор буд, имрӯз номи ӯро дорад. Дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Фориш ду кӯчаро ба номи Ҷонибек гузоштаанд. Дар мактаби Ҷонибек наслҳои оянда таҳсил мекунанд, дар кӯчаҳои Ҷонибек ояндагон қадам мезананд ва аз ҷони беқарору наосудаи шоири фақид ёд мекунанд:

Осудагӣ ба гӯшаи ҳастӣ надидаем,

Ҷон додаему кунҷи мазоре харидаем.

Намунаҳо аз ашъор[вироиш]

Шеъру ғазал[вироиш]

АРЗИ ФАРЗАНД Модар, сари қабрат омадам боз,
Бо меҳру муҳаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам,
Гул чинаму рўйи қабр монам.
То пеши ту шарҳи ҳол гўям,
Аз қисмати худ мисол гўям…
Эй пораи қалб гуфта будӣ,
В-эй чораи қалб гуфта будӣ,
То заҳри азоби дил шавад нўш,
Ҷў канда зи оби ҷўйи худ нўш.
Хоҳӣ, ки зи лавҳи ёди мардум
Номат нашавад дар ин замон гум,
Мебош мудом ғамбарораш,
Бардор ба дӯши хеш бораш,
Дар бар рухи пастҳимматӣ пўш,
Аз баҳри баландномӣ мекўш…
Ин панди ту гашт нардбонам,
То ки ба баландӣ пой монам,
Бишкуфт ниҳоли орзуят,
Во гашт гиреҳи ҷустуҷўят.
Ҳоло ҳама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.
Гўянд сухан, садоят ояд,
Савти нави муддаоят ояд.
Имдодгарӣ ҳанўз моро,
Чун аввала чокдўз моро.
Модар, ана боз омадам ман,
Бо рўйи ниёз омадам ман.
Баргўй чӣ кор карданамро,
Аз нав чӣ қарор карданамро…
* * *
Сари зулфат зи дастонам раҳо шуд,
Аз он тори дили ман бенаво шуд. Вале як раҳ нагуфтӣ аз сари меҳр,
Ба ин бечораи ошиқ чиҳо шуд. Аз он шодам, ки ношодам надидӣ,
Ҳар он чи шуд ба ҷабри ҷони мо шуд. Хаёли корубор аз ёди ман рафт,
Хаёли дидани ту муддао шуд. Барои диданат сад роҳ ҷустам,
Вале роҳи раво ҳам нораво шуд. Биё, ёро, зи роҳи лутф боре
Ки лутфи ту ба дарди дил даво шуд.

Дубайтӣ ва рубоӣ[вироиш]

Раҳи ман аз сари дунёи ишқ аст,
Сарам чун косаи савдои ишқ аст.
Чароғи маҳфили ишқ аст чашмам,
Дили ман тӯшаи фардои ишқ аст. Инони дил ба чанголи хаёл аст,
Сарам гӯё ки бозори савол аст.
Шудам дилдодаву шайдои шӯхе,
Нуҳуфтан мушкилу гуфтан муҳол аст. Гӯянд чу об умри кас мегузарад,
Монанди ҳубоб ҳар нафас мегузарад.
Гар ғунчаи уммед аз он баҳра наёфт,
Кӯробмисол бар абас мегузарад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ғуломзода, А. Раҳ бурдӣ ба фирдавс магар, булбули гӯё: ба забони ӯзбекӣ / Халқ сӯзи, 01.01.1991; Ҳақиқати Ӯзбекистон, 02.01.1991
  • Ҳусейнов, М. Ӯ ҷони одам буд: мақола / Ҳақиқати Ӯзбекистон, 06.11.1991
  • Даврон. Д. Ҷонфидои миллат: мақола / Садои мардум, 06.11.1991
  • Инъомзода, С., Саидов, Д. Мангуликка дахлдор: мақола ба забони ӯзбекӣ / Ёш ленинчи, 09.11.1991
  • Ҷӯрабоева, Ӯ. Ҷойи ӯ холист: мақола / Ҳақиқати Ӯзбекистон, 09.11.1991
  • Саидов, Д. Ҳар ким омонатдир, вале…: мақола ба забони ӯзбекӣ / Тошкент ҳақиқати, 09.11.1991
  • Имомназар, Ю. Посдори ҳиммат ва ҷонфидои миллат: мақола / Овози тоҷик, 13.11.1996
  • Гулмурод, П. Андешаҳои роҳ: саёҳатнома / Овози тоҷик, 25.07.1998
  • Назармат, Икки халқ фарзанди: мақола ба забони ӯзбекӣ / Халқ сӯзи, 15.11.2001
  • Салимов, Ш. Адибон намемиранд: мақола / Овози тоҷик, 17.11.2001
  • Қамарзода, А. Пайвандгари дилҳо буд: мақола / Овози тоҷик, 21.11.2001
  • Даврон. Д. Ман бехсӯзи зиллат: мақола / Ваҳдат, феврали 2002
  • Шодӣ, М. Як пора шеър, як пора меҳр: мақола / Овози тоҷик, 25.05.2011
  • Раҷабов, Т. Мангу барҳаёт: мақола ба забони ӯзбекӣ / Фориш тонги, 05.11.2011
  • Субҳон, А. Шоири маҳбуб ва тарҷумони дилҳо: мақола / Овози тоҷик, 12.11.2011
  • Муҳаммад, Ҷ. Бо роҳи сабки хуросонӣ: мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ / Ховар, 16-30.11.2015
  • Шарифзода, Қ. Сафири фарҳанги мо // Дар ҷустуҷӯйи шахсият (Маҷмуаи очерку мусоҳибаҳо). — Душанбе, 2017. -С.44 −48).

Сарчашма[вироиш]