Ҷон Ҳейшам Гиббон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷон Ҳейшам Гиббон
Таърихи таваллуд 29 сентябр 1903(1903-09-29)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 феврал 1973(1973-02-05)[1][2] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ[3], ҷарроҳӣ[d][3] ва ҷарроҳии қалб[d][3]
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Ҷон Ҳейшам Гиббони хурдӣ (англ. John Heysham Gibbon, Jr.; 29 сентябр 1903[1][2], Филаделфия, Пенсилвания5 феврал 1973[1][2], Филаделфия, Пенсилвания) — ҷарроҳи амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Принстон (1923) ва коллеҷи тиббии Ҷефферсон дар Филаделфия (1927). Проф. ва директори шуъбаи ҷарроҳӣ (1946-47), профессор ифтихории коллеҷи тиббӣ ва ҳоспитали Ҷефферсон (аз соли 1973). Солҳои 1935-37 бори аввал дастгоҳи хунгардиши сунъиро ихтироъ кард, ки соли 1946 истеҳсоли он дар ИМА ба роҳ монда шуд. Г. 6 майи 1953 дар ҳоспитали Ҷефферсони Филаделфия бори нахуст дар ҷаҳон ҷарроҳии дилро дар шароити хунгардиши сунъӣ бомуваффақият анҷом дода, ба рушди ҷарроҳии дилу рагҳо асос гузошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]