Ҷорҷиу Нопулитану
итол. Giorgio Napolitano | |
![]() | |
Таваллуд |
29 июн 1925[1][2] (97 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | итол. Giorgio Napolitano |
Ҳамсар | Clio Bittoni[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | irreligion[d] |
Соядаст |
![]() |
Ҷоизаҳо | |
Набардҳо | |
![]() |
Ҷорҷиу Нопулитану ( итол. Giorgio Napolitano; 29 июни 1925, Неаполь ) - 11-умин Президенти Ҷумҳурии Итолиё (2006-2015). Собик фаъоли Ҳизби коммунистии Итолиё (баъдтар демократҳои чап ), аъзои ҳаракати муқовимат . Сенатори якумрӣ. 10 майи соли 2006 дар даври 4-уми овоздиҳӣ интихоб шуда, 15 май ба кор шурӯъ кард. Вай бо қабул накардани истеъфои Романо Проди ва пароканда кардани порлумон дар замони бӯҳрони порлумонии Итолиё дар соли 2008, вақте ки порлумон ба ҳукумат изҳори нобоварӣ карда буд, маъруф аст.
20 апрели соли 2013 Нопулитануи 87-сола бори дувум интихоб шуд, ки ин дар таърихи Итолиё бесобиқа аст, зеро як нафар қаблан дар ин мақом беш аз як давраро ишғол намекард. Нопулитану дар даври 6-ум баъд аз 5 кӯшиши бенатиҷаи қаблӣ интихоб шуд ва аз 1007 интихобкунанда 738 овоз гирифт.
14 январи соли 2015, президент Нопулитану истеъфо дод [4] Истеъфои пеш аз мӯҳлат шарти дубора интихоб шудани ӯ дар моҳи апрели соли 2013 буд. Сиёсати Итолиё он вақт дар бӯҳрони амиқ буд ва ҳизӣҳои сиёсие, ки дар парлумон намоянда доштанд, дар бораи номзади президент ба созиш нарасиданд.
Ӯ бо лақаби "Ре Умберто" (Подшоҳ Умберто) номгузорӣ шудааст, зеро ӯ ба шоҳ Умбертои II шабоҳат дорад ва рафтори аристократӣ ба ӯ хос аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #119295547 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Італійський президент подав у відставку
- Зодагони 29 июн
- Зодагони соли 1925
- Зодагони Италия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Президентҳои Италия
- Роҳбарони кунунии кишварҳо
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Сиёсатмадорони Итолиё
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо