Ҷумъаи Толиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷумъаи Толиб
Санаи таваллуд:

25 январ 1960(1960-01-25)

Санаи марг:

18 ноябр 2011(2011-11-18) (51 сол)

Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич (Ҷумъаи Толиб) 25-уми январи соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Соли 1979 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети журналистика) дохил шуда, соли 1984 таҳсилро ба анҷом расонидааст.

Аз соли 1989 то 1994 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети ҳуқуқшиносӣ) таҳсил кардааст.

Солҳои 1984-1994 дар газетаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба шуда кор кардааст.

Солҳои 1994-1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд.

Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан».

Солҳои 1998-2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи Ҳукумати ноҳияи Айнӣ.

Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт.

Солҳои 2004-2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон.

Солҳои 2005-2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ.

Солҳои 2007-2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».

Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.

Аз соли 1987 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Оғози фаъолияти корӣ[вироиш]

Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз соли 1984, Ҷумъабой Толибов солҳои зиёде ба мардуми хеш хидмат кардааст. Вай муддате сардабири нашрияи ноҳиявии “Меҳнат”, муассиси нашрияи хусусии “Нури ҳақ” ва корманди ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой Толибов дар муҳокимаи додгоҳӣ, августи соли 2005 ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони Толибов дар муҳокимаи додгоҳӣ, августи соли 2005 дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 ҳамкасби мо озод шуд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд

Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.

Хушбахтона, Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.

Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” аст. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоадат мекунад. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи хусусии Пайкон бар асари бемории саратон 18-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ даргузашт.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Мусоҳибаи Ҷумъаи Толиб бо хабарнигори «Озодӣ»[вироиш]

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад...”

Садо

Китоб дар бораи устод[вироиш]

Бахшида ба 100-солагии Иди матбуоти тоҷик шогирдони рӯзноманигори ҷасуру ҳақталош, марҳум Ҷумъаи Толиб китоберо таҳти унвони «Кӯҳи ғурур» дар ҳаҷми 248 саҳифа тартиб дода, дар матбааи «Шаҳпар» бо теъдоди 500 нусха ба табъ расониданд, ки оид ба фаъолияту эҷоди ин рӯзноманигори хушсалиқа нақл мекунад...

Кӯмак ба журналист[вироиш]

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва эътилофи Медиа Алянс ба тамоми ҳамкасбони худ, хонандагон ва бинандагону шунавандагон, мардуми кишвар муроҷиат кард, то дар табобати журналисти саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов (Ҷумъаи Толиб) кӯмаки худро дареғ надоранд[1].

Пайвандҳои беруна[вироиш]

http://paikon.wordpress.com/

Эзоҳ[вироиш]