Ҷумъахон Файзалиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷумъахон Файзалиев
Ҷумъахон Холович Файзалиев
Санаи таваллуд:

14 март 1963(1963-03-14) (56 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои педагогика

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Ҷумъахон Холович Файзалиев (тав. 14.03.1963, ноҳияи Темурмалик), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (2006), дотсент.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1992 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраевро хатм кардааст. Солҳои 1990–1992 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №62 ноҳияи Октябри ш. Душанбе, 1992–1995 ассистенти кафедраи равоншиносӣ, 1995–1998 аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1999– 2008 ҳамчун ассистент, муалими калон ва дотсенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 2000–2003 муовини декани факултети таърихи донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба таълим, 2007–2008 декани факултети таърих буд. Аз соли 2009 то ба имрӯз муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кор мекунад.[1]. Муаллифи 5 асари илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) қадр карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • Хотира (оид ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ), иборат аз ду ҷилд, Д., 2000;
  • Машғулиятҳои амалӣ аз психологияи иҷтимоӣ, Д., 2003;
  • Стратегия развития критического мышления через чтение и письма в школе и вузе. Ч. 1,2, Д., 2006;
  • Дастури таълимӣ оиди психология барои муаллимони синфҳои ибтидоӣ (бо забони форсӣ), Д., 2008;
  • Мавзӯи шахсият дар осори Саъдии Шерозӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 5, Д., 1997.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]