Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
26 январ 2004 — 15 август 2021


Flag of Afghanistan (2013–2021).svg Emblem of Afghanistan (2004–2013).svg
Дирафш Нишон
Гимн
Afghanistan (orthographic projection).svg
Пойтахт Кобул
Забон(ҳо) пашту ва дарӣ
Воҳиди пул Афғонӣ
Майдон
  • 652 864 км²
Аҳолӣ
  • 39 905 102 тан (2021)
Шакли ҳукмронӣ Ҷумҳурӣ

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (дарӣ: جمهوری اسلامی افغانستان, пашту: د افغانستان اسلامي جمهوریت[Да Афғонистон Исломӣ Ҷумҳурият]) — як ҷумҳурии исломӣ аст, ки аз соли 2004 то 2021 дар тӯли Ҷанги Амрико дар Афғонистон рӯйи бештари манотиқи Афғонистон ҳукумат кард. Ин ҳукумат пас аз ҳамлаи ИМА ба Афғонистон ва сарнагунии Иморати Исломии Афғонистон дар соли 2001 таъсис шуд ва бист сол баъд дар пайи ҳуҷуми Толибон дар соли 2021 суқут кард. Ин давлат узве аз Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаии ҷануби Осиё, Гурӯҳи 77, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Ҷунбиши адами таъаҳҳуд буд.

Аҳолӣ (саршумории 2019[1]) — 32,226 млн кас, масоҳат — 652 864 км².

Пас аз тасхири Кобул дар соли 2001 нерӯҳои Толибон контроли манотиқи мухталиф кишварро дар даст гирифтанд ва ҷанг дохилӣ идома дода шуд. Ин амр Афғонистонро мушкилсоз кард; Нақзи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон бо суиистифодаҳои мутааддид муртакиб шуда тавассути ҳар ду тарафайн, монанд куштани ғайринизомён, одамрабоӣ ва шиканҷа гузориш шуд. Бо таваҷҷуҳ ба вобастагии густурдаи ин давлат ба Амрико дар пайи кумакҳои низомӣ ва иқтисодӣ, бархе ин давлати Афғонистонро ба унвони як давлати муттакӣ ба Амрико табақабандӣ карданд, ки ба тадриҷ контроли рустоӣ ва вилоятҳояшро пас аз поёни «амалиёти озодии баландмуддат» аз даст дод[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Estimated Populatiuon of Afghanistan 2019-20
  2. Ladwig, Walter Carl (2017-06-22). The Forgotten Front: Patron-Client Relationships in Counter Insurgency (in англисӣ). Cambridge University Press. ISBN 978-1-107-17077-3.