Ҷунайдулло Насруллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷунайдулло Насруллоев
Ҷунайдулло Насруллоев
Санаи таваллуд:

4 июн 1949(1949-06-04) (70 сол)

Зодгоҳ:

вилояти СамарқандҶШС Узбекистон

Ҷунайдулло Насруллоев (Тав. 04.06.1949, гуз. Масҷиди Қунғуроқдори деҳшӯрои Хаймари н. Самарқанд) — технологи саноати хӯрокворӣ, ходими ҷамъиятӣ, соҳибкор, метсенат. «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2013).

Зиндагинома[вироиш]

Ҷунайдулло Насруллоев дар Техникуми озуқавории ш. Самарқанд (1968) ва баъд шуъбаи ғоибонаи Ин.-ути умумиитифоқии саноати хӯроквории Москваро хатм кардааст (1978). Дар заводи консервбарории Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё сардори бригада, усто, сардори баст, экспедитор шуда кор кардааст. Охири с. 70-ум аз рӯи тавсияи табибон барои обгардиш бо аҳли оила ба ш. Абакани вилояти Хакасияи округи Красноярски Федератсияи Русия кӯчидааст. Дар замони бозсозии М.С. Горбачев (1987) «Ошхонаи таомҳои миллӣ»-ии «Восток»-ро кушодааст. Аввалҳои с.-ҳои 90 дар Хакасия нахустин Ҷамъияти мусулмононро таъсис додааст. Соли 1999 муҳтасиби қозиёти Саяни Осиёи Россия интихоб шудааст. С. 90-ум шумораи мусулмонҳои Хакасия аз ҳисоби муҳоҷирони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Кавказ зиёд шуд. Эшон як ошёнаи иморати сеошёнаашро дар бозори марказӣ барои намозгузорон олиҳимматона вогузоштааст. Ибтидои солҳои 90-ум ҷамъияти мусулмонони Маркази фарҳанги тоҷикон ва ӯзбекони ш. Абаканро таъсис дода, ҳар сол дар он идҳои Наврӯз, Рамазон ва Қурбон, дар ш. Красноярск иди «Сайри лола»-ро мегузаронад. Дар назди ин марказ мактаби якшанбегии омӯзиши забони модарии тоҷикӣ ва ансамбли миллии рақсу суруд амал мекунад. Дар он ҳофизони Тоҷикистон Баҳодур Неъматов, Ҳасани Ҳайдар, Мардон Мавлонови самарқандӣ («Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон») дар ҷашни Наврӯзии умумиҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ кардаанд. Телевизиони Хакасия дар бораи фаъолияти сарварони ин оилаи тифоқ намоишҳо ва телефилмҳои «Путь к себе», «Семья мусулманина», «Навруз в Абакане» таҳия намудааст. Телеканали «Культура»-и Красноярск бо иштироки ҳамсарон дар бораи ҷашни анъанаҳои миллии тоҷикон наворе бардоштааст. Ӯ муаллифи китоби хотиравии «Сабақҳои рӯзгор» (2 ҷилд, Душанбе, 2012, 2013) аст, ки онро аз русӣ Назрӣ Обидов тарҷума кардааст. Ҳамчунин барои чопи китоби «Тоҷикон дар Руссия» (Душанбе, 2009) кӯмаки молиявӣ расондааст. Бо медали Хазинаи байналхалқии хайрияи «Меценаты Столетия» мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6