Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷунбиши исломии Узбакистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷунбиши исломии Узбакистон
ӯзбекӣ: Ўзбекистон Исломий Ҳаракати
Таърихи ташкилёбӣ 1998

Ҷунбиши исломии Узбакистон (ӯзбекӣ: Oʻzbekiston islomiy harakati / Ўзбекистон исломий ҳаракати, ар. حركة أوزباكستان الإسلامية‎) — як созмони террористии исломгаро аст, ки дар соли 1996 тавассути аъзои собиқи шуморе аз аҳзоб ва ҷунбишҳои сиёсии мамнӯъ дар Узбакистон, аз ҷумла «Адолат уюшмаси» (Анҷумани адолат), «Ҳизби исломии наҳзат», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ислом лашкарлари» (Сарбозони ислом) ва ғайра таъсис шуд. Раҳбари сиёсии ин ҷунбиш Тоҳир Юлдошев ва фармондеҳи шохаи низомии он Ҷумъа Ҳоҷиев (Намангонӣ) шуд.[1]

Ҷунбиши исломии Узбекистон аз сӯи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикситон[2], Русия[3] ва Иёлоти Муттаҳида, ба унвони як созмони террористӣ шинохта мешавад.[4]

Ҷунбиши исломии Узбакистон чандон худро ба фаъолиятҳои эътиқодӣ ва омӯзишӣ маҳдуд намедонад. Ин ҳизб дар соли 2001 номи худро тағйир додааст. Раҳбари аслии он Тоҳир Юлдошев ва Ҷумъабой Намангонӣ аст, ки ҳар ду ба иттиҳоми бомбгузорӣ дар соли 1997 дар Тошканд ғоибона ба марг маҳкум шудаанд. Бархе аз таҳлилгарон иддао мекунанд, ки яке аз фаъолиятҳои аслии ин гурӯҳ монанди Ал-Қоида қочоқи созмонёфтаи маводди мухаддир ва ба вижа ҳероин аз Афғонистон ва аз тариқи Осиёи Марказӣ ба мақсади Аврупост. Ин ҳизб дар аксари кишварҳои Осиёи Миёна фаъолият дорад ва ба унвони як ҳизби ифротгаро муаррифӣ ва таҳти таъқиб қарор мегирад.