Ҷҳоло Нот Хонол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷҳоло Нот Хонол
19 ноябр 2013 — 13 октябр 2017
6 феврал 2011 — 29 август 2011
Пешгузашта Мадҳав Кумар Непал
Ҷонишин Бобурам Бҳоттороӣ

Таваллуд 20 май 1950(1950-05-20) (73 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Ҳиндуия
Вебгоҳ jnkhanal.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷҳоло Нот Хонол ( неп. झलनाथ खनाल ; тав. 20 май 1950, Сахеҷунг, ноҳияи Илам, минтақаи Метсхи, Непал ) — Сарвазири Непал аз 3 феврали соли 2011, раиси Ҳизби коммунистии Непал (марксистӣ-ленинии муттаҳид) - ҲКН.

3 феврали соли 2011 бо тарафдории 368 вакил дар Маҷлиси муассисон дорои 601 курсӣ [1] [2] Сарвазири нави кишвар интихоб шуд. Пеш аз интихоби ӯ 16 кӯшиши бебарор барои тасдиқи сарвазири нав сурат гирифт [3]. Интихоботи Ҷҳоло Нот Хонол ба шарофати созишномаҳои ҲКН бо Ҳизби муттаҳидаи коммунистии Непал (маочиён), ки дар интихоботи умумӣ дар баҳори соли 2008 ғолиб омад,баъди ба истеъфо рафтани сардори пештараи ҳукумати Ҳизби Коммунистии Непал Мадҳав Кумар, имконпазир гардид. Маочиён кушиши бе иштироки онҳо ташкил намудани ҳукумати Ҳизби Коммунистии Непал ва Ҳизби Конгресси Непалро боздоштанд ва ба давом додани инқилоби халкӣ даъват карданд. Аммо дар арафаи интихоботи сарвазир 3 феврали соли 2011 раиси ҳизб Прачанда номзадии худро ба тарафдории Ҷҳоло бозпас гирифт, то ки дар кори тайёр кардани конститутсияи нави Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва ба қувваҳои мусаллаҳ дохил шудани 20 ҳазор нафар шӯришгарон маочиён имконият пайдо шавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]