Ҷӯрабек Муъмин
Ҷӯрабег Мӯминов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 2 феврали 1947 |
| Зодгоҳ | Чилчашма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 24 апрели 2026 (79 сол) |
| Маҳалли даргузашт | ноҳияи Файзобод, Тоҷикистон |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Таҳсилот | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1969) |
| Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон |
Ҷӯрабек Муъмин (Ҷӯрабег Мӯминов; 2 феврали 1947, деҳаи Ҷойникудӣ, ноҳияи Файзобод — 24 апрели 2026, Вашгирд, ноҳияи Файзобод) — рӯзноманигор ва адиби тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996). Узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯрабег Мӯминов 2 феврали соли 1947 дар деҳаи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст[1]. Соли 1969 шуъбаи шабонаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кории ӯ дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» (1966—1969) оғоз ёфта, баъдан дар нашрияҳои ноҳиявӣ идома ёфт. Ӯ дар рӯзномаи навтаъсиси «Меҳнати комунистӣ» (аз соли 1990 бо номи «Набзи Файзобод») аввал дар вазифаи мухбири ташкилотчии радиои маҳаллӣ, баъдан котиби масъул (1974—1984), ҷонишини муҳаррир (1984—1989) ва муҳаррири ин рӯзнома (1989—2011) фаъолият кард[2]. То вопасин рӯзҳои ҳаёт, ҳатто дар замони нафақа, ҳамчун маслиҳатгар ва хабарнигори фаъоли ин рӯзнома кору пайкор мекард.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯрабег Мӯминов муаллифи асарҳои мондагор дар соҳаи таърих ва адабиёт буд:
- «Файзобод — таърихи қадим ва имрӯзаи он» — асари таҳқиқотие, ки ба гузашта ва имрӯзи диёр бахшида шудааст.
- «Таронабазм» (2011) — маҷмӯаи назмӣ, ки рубоиёт, ғазалиёт ва бадеҳаҳои ӯро дар бар мегирад.
Навиштаҳои ҳаҷвии ӯ асоси таъсиси театр-студияи «Шаҳрошӯб» дар ноҳияи Файзобод гардиданд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯрабег Мӯминов моҳи 24 апрели соли 2026 дар синни 79-солагӣ дар зодгоҳаш — ноҳияи Файзобод даргузашт.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996);
- Нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Файзобод. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
- ↑ Аз Ҷӯрабек Муъмин “Ҷиддитар аз шухиҳои ҷиддӣ”-ро бихонед. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (23 ноябри 2023). 27 апрели 2026 санҷида шуд.