Мушаррафа Ҷӯраева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯраева Мушаррафа Рустамовна
Таърихи таваллуд 29 август 1965(1965-08-29) (58 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншиносӣ, журналистика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мушаррафа Ҷӯраева — доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷӯраева Мушаррафа Рустамовна 29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1987-1993 муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои миёнаи рақами 15 ва 55 шаҳри Душанбе, соли 1993 ассистенти кафедраи умумидонишгохии забон, адабиёт ва хати ниёгони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1994-1996 аспиранти ҳамин кафедра, солҳои 1997-2002 ассистент ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии ДМТ, солҳои 2003-2007 дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, аз соли 2007 инҷониб дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ, солҳои 2013-2015 докторанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ. Аз соли 2015 то соли 2018 дотсент ва аз соли 2018 профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ.

Соли 1998 диссертатсияи номзадиашро таҳти унвони "Роҳҳои ифодаи эҳтиром ва фурутанию хоксорӣ дар забони тоҷикии асри XVI (дар заминаи "Бадоеъ-ул-вақоеъ"-и Зайниддин Восифӣ" ва соли 2017 рисолаи докториашро дар мавзуи "Коммуникативно-прагматический анализ устойчивых формул общения в СМИ Таджикистана" ҳимоя кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Китобҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷўраева М.Р. Воситаҳои ифодаи эҳтиром ва фурўтанӣ дар забони тоҷикии асри XVI (дар заминаи маводи асари Зайниддин Маҳмуди Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ»). Душанбе: Деваштич, 2004, 130 с.
  • Джураева М.Р. Теоретические основы лингвистического анализа речевого этикета и некоторых аспектов журналистского общения. – Душанбе: Алвон, 2017. – 112с.
  • Джураева М.Р. Коммуникативно-прагматический анализ устойчивых формул общения в СМИ Таджикистана. – Душанбе: Алвон, 2017. – 256с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]