Jump to content

Ӯрунбой Ашӯров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ӯрунбай Ашӯрович Ашӯров
парчам
Раиси Шӯрои Комиссарони ҶШС Тоҷикистон
феврал — 16 сентябри 1937
Пешгузашта Абдулло Раҳимбоев
Ҷонишин Маҳмадалӣ Қурбонов
парчам
Котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон
16 январ — 4 октябри 1937
Пешгузашта Сурен Константинович Шадунс
Ҷонишин Дмитрий Захарович Протопопов
парчам
Котиби дуюми КМ ҲК(б) Тоҷикистон
3 январи 1935 — 20 августи 1936
Пешгузашта Иброҳим Исмоилов
Ҷонишин Сайфулло Абдуллоев
Комиссари халқии молоияи ҶШС Ӯзбекистон
парчам
май — июни 1929

Таваллуд 1903
Даргузашт 1938
Ҳизб
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Ӯрунбой Ашӯрович Ашӯров (Ashurov Urunboy; 1903, Марғелони нав, вилояти Фарғона[1] — 1938, Сталинобод[2]) — ходими ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ, котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон (1937).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1903 дар оилаи ӯзбек,[3] деҳқони камбағал, ки дар ҷустуҷӯи кор бар Марғелони нав аз Хуҷанд кӯчида буд, ба дунё омадааст. Соли 1915 мактаби руссии маҳаллиро хатм намуда, баъдан дар Омӯзишгоҳи шаҳрии Фарғона таҳсил кардааст (1915—1916).

Ҳуруфчини матбааи вилояти Фарғона (1918-1920), корманди Комиссияи фавқулода оид ба мубориза бо аксулинқилобиён дар вилояти Фарғона, корманди масъули Ҳизби коммунистӣ ва муовини раиси Кумитаи инқилобии уезди Марғелон, раиси комиҷроияи уезди Фарғонаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Туркистон (1920-25), котиби масъули Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Фарғона, котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии округи Андиҷон (1925-1929). Шунавандаи Академияи коммунистии шаҳри Маскав (1929-30), раиси Марказ оид ба колхозҳои Осиёи Миёна, ҷонишини мудири шуъбаи Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) (1931-1934). Котиби дуюми КМ ҲК(б) Тоҷикистон, корманди масъули КМ ВКП(б), котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон (1934-1936).

  • Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат[4]
  • Ифтихорномаи фахрии КИМ ҶШС Ӯзбекистон[5].
  1. Ҳозира — Фарғона, Ӯзбекистон.
  2. Ҳозира — Душанбе, столица Тоҷикистон.
  3. По другим Бойгонӣ шудааст 13 октябри 2014  сол. данным — в узбекской семье.
  4. Справочник по истории….
  5. ЦентрАзия.