Ӯткур Аҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ӯткур Аҳмадов
Ӯткур Улуғназарович Аҳмадов
Санаи таваллуд:

11 сентябр 1953(1953-09-11) (66 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

[[ ]]

Ӯткур Улуғназарович Аҳмадов (Тав. 11.09.1953, ш. Душанбе) — педиатр, номзади илмҳои тиб (2000), дотсент (2009).

Зиндагинома[вироиш]

Ӯткур Улуғназарович Аҳмадов дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил кардааст (1972–78). Пизишки интерни Беморхонаи клиникии кӯдаконаи № 1 ш. Душанбе (1978–79), пизишки боварии шӯъбаи суғуртаи Ит. касабаи ҶТ (1979–80), педиатр, муд. шуъбаи полиомиелити Беморхонаи клиникии кӯдаконаи № 2 ш. Душанбе (1980), муд. шуъбаи полиомиелити Беморхонаи клиникии сироятии ш. Душанбе (1980–1996), ҳамзамон ассис. каф. асабшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1991–2001), ассис. каф. беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2001–04), дотс. каф. беҳдошти муҳити зист ва тибби меҳнат (2004–05), дотс. каф. беҳдошт ва экология (2005–2007), ҷон. дек. ва ҳамзамон мутах. офиси бақайдгирӣ оид ба системаи кредити фак. нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии ДДТТ (2006–2010). Аз соли 2009 – дотсенти кафедраи Беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 2000 дар мавзӯи «Циркуляция микроорганизмов в хирургических стационарах и их эпидемиологическое и гигиеническое значение» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муаллифи 85 мақолаи илмӣ ва 3 кит. дарсӣ, аз ҷумла «Заболевания периферической нервной системы» (Д., 2006 ), «Беҳдошти меҳнат» (Д., 2011), «Беҳдошти коммуналӣ» (Д., 2011) ва 25 дастури методӣ.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6