“Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон
“Корхонаи металлургии тоҷик” — дар шаҳри Гулистон и вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст.Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон наздики 130 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба корхонаи нави саноатӣ аз дохили кишвар дастрас мегардад ва тибқи нақша ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 15 миллион долларро ташкил менамояд.
Лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми “Корхонаи металлургии тоҷик”
[вироиш | вироиши манбаъ]Корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи саноатӣ дар шаҳри Гулистон охирҳои соли 2024 оғоз шуда, дар соли 2025 ба кор андохта мешавад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи дуюми корхона дар баробари прут ва арматура ҳамчунин истеҳсоли дигар намуди таҷҳизот аз оҳан мувофиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шуда, зарфияти истеҳсолии “Корхонаи металлургии тоҷик” дар як сол то ба 50 ҳазор тонна маҳсулот расонида хоҳад шуд. Дар марҳилаи дуюм 130 ҷойи дигари корӣ таъсис хоҳад ёфт.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.