-ро (пасоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

-ро — пасоянди аслӣ буда, дар миёни дигар пасояндҳо мавқеи махсусеро ишғол мекунад. Он маънои мустақили луғавӣ надорад ва амалан бо аъзои пайрави ҷумла истифода мешавад. Пасоянди -ро бо пуркунандаҳои бевоситае меояд, ки бо чунин ҳиссаҳои нутқ ифода меёбанд: 1) бо исмҳои хос ва ҷинс, ки одатан номи одамон, номи ҳодисаҳои алоҳида, ягонаи ҷудонашавандаро мефаҳмонанд, бо ҷонишинҳои шахсӣ, ҷонишинҳои ба исм табдилёфта ва ғайра; 2) пуркунандаҳое, ки муайянкунандаи соҳибӣ доранд ва онҳо бо исмҳо, бо ҷонишинҳои шахсӣ, нафсию таъкидӣ, ишоратӣ ва бандакҷонишинҳо ифода меёбанд, инчунин муайянкунандаҳое доранд, ашёро аз рӯйи ин ё он аломат равшан мекунанд; 3) пуркунандае, ки бо суханҳои гуфтаи пешина ё тамоми матн возеҳ карда мешавад ва аз он маълум мегардад, ки сухан дар хусуси ашёи муайян, ашёи пеш номбаршуда меравад ё дар хусуси шахсе меравад ё дар хусуси шахсе меравад, ки боиси ин маълумот шудааст: Фирӯзаро хор шудан намемонад, ба дари мардум намегузорад (Ҷалол Икромӣ). Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Зарбулмасал). Ин одамро ошу нон надиҳеду аз воқеъоти ҷанг нақл кунед (Фазлиддин Муҳаммадиев). Ҳар шикастаеро қадоқгаре ҳаст (Фазлиддин Муҳаммадиев).

Нигаред низ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе: Дониш, 1985. — саҳ.307