67P/Чурюмов — Герасименко
![]() | |
Номида ба шарафи | Клим Чурюмов[d] ва Светлана Герасименко |
---|---|
Кошиф | Клим Чурюмов[d] ва Светлана Герасименко |
Таърихи кашф | 11 сентябр 1969 |
Мавқеи кушоиши астрономӣ | Олмотӣ |
Баданаи фарзанд | Розетта[d] |
Баданаи аслӣ | Офтоб |
Апомарказ | 850 149 739 401,03 м |
Перимарказ | 185 980 072 854,24 м |
Аргументи перимарказ | 0,22 рад |
Хуруҷ аз маркази мадорӣ | 0,632 ± 0,001 |
Инҳирофи мадорӣ | 7,0405 ± 0,0001 ° |
Периоди гирдзанӣ | 6,44 сол |
Нима-меҳвари калони мадорӣ | 518 117 265 382,38 м |
Онумолии миёнгин | 5,3 рад |
Албедо | 0,06 |
![]() | |
![]() |
Зузанаби Чурюмов — Герасименко, ё расман 67P/Чурюмов — Герасименко (англ. 67P/Churyumov–Gerasimenko) — зузанаби кӯтоҳдавр. Даври гардишаш тақр. 6 солу 7 моҳ.
Кашф[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз тарафи ситорашиносон Чурюмов К. И. (23 октябри 1969) ва Герасименко С. И. (11 сентябри 1969) кашф шудааст. Масофаи наздиктарин ва дуртарини Зузанаби Чурюмов — Герасименко то Офтоб мувофиқан ба 1,2432 в. а. ва 5,722 в. а. баробар аст. Даври гардишаш дар атрофи Офтоб — 6,44 сол ва 12,4 соат дар атрофи меҳвар. Зузанаби Чурюмов — Герасименко аз ду қисми бо ҳам пайвасти мурғобишакл иборат буда, андозаҳои «сараш» 2,6x2,3x1,8 км, «танаш» 4,1x3,3x1,8 км ва ҳаҷмаш 25 км² аст. 12 ноябри соли 2014 бори аввал дар таърихи инсоният дастгоҳи худсайри кайҳонии «Розетта» ба ин зузанаб наздик шуда, дастгоҳи «Фила»-ро ба сатҳи ҳастаи он фуруд овард, ки мушоҳидаи сатҳи ҳаста, гирифтани намунаҳои хоки сатҳ, таҳқиқи табиати физикию кимиёии атмосфера, андозагирии суръати газбухоркунӣ ва ғ-ро анҷом медиҳад. 30 сентябри соли 2016 «Розетта» баъди 12,5 соли оғози парвоз ба сатҳи зузанаб фуруд омад. Ба қавле ҳастаи Зузанаби Чурюмов — Герасименко дар натиҷаи бархӯрди ҷирмҳои канори Манзумаи офтобӣ (тасмаи Койпер) ташаккул ёфтааст, ки баъд дар сатҳи он вобаста ба масофа ва муҳити байнисайёравӣ моддаҳои зудгудоз ҷамъ шудаанд (ҳусусияти ғайриякҷинса будани ҳастаи он ин тахминро собит менамояд). Вобаста ба суръати сублиматсия (аз ях якбора бухор шудани об) морфологияи сатҳи Зузанаби Чурюмов — Герасименко шакли мураккаб гирифта, қабати зериофтобии зузанаб дар натиҷаи фаъол будани моддаҳояш то садҳо метр бухор шудааст. Дар натиҷаи таҳаввули мадори зузанаб зери таъсири ҷозибаи Муштарӣ ва тағйир ёфтани масофаи перигелийӣ суръати таҷзияи ҳастаи он афзудааст. Тағйирёбии морфологияи қабати сатҳии зузанаб, хусусан дар қисмати «гардан», натиҷаи фаъол будани суръати сублиматсияи моддаҳои гуногунхосият мебошад. Чунин ҷуфтҳастаҳои васлшударо дар мисоли зузанабҳои 1P/Ҳаллей, 19P/Борелли ва 103P/Хартли 2 низ дидан мумкин аст. Онҳо 10-20 дарсади ҷирмҳои астероидӣ, троянсҳо, кентаврҳо ва объектҳои баъдазнептуниро ташкил дода, механизмҳои пайдоишашон гуногун мебошанд. Соли 2014 олимон бо ёрии «Розетта» дар Зузанаби Чурюмов — Герасименко молекулаҳои 16 пайвасти органикӣ, аз ҷумла гази карбон, гази карбонат, атсетон, пропанол ва атсетамидро ошкор карданд. Ҳамчунин «Розетта» дар сатҳи зузанаб вуҷуд доштани молекулаҳои полимерӣ (зери таъсири радиатсия ба вуҷуд меоянд) ва набудани пайвастҳои хушбӯ (ароматӣ)-ро нишон дод. Сатҳи Зузанаби Чурюмов — Герасименко ба 19 минтақа тақсим карда шудааст, ки ба ифтихори илоҳа ва худоёни Мисри Қадим номгузорӣ шудаанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Зузанаби Чурëмов — Герасименко / А. Раҳмонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.