Гулпиёз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Allium schubertii)
Гулпиёз
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Allium schubertii Zucc., 1843

Гулпиёз (лот. Allium schubertii) — як навъ пиёзи худрӯй.

Пояаш дароз (5-40 см), бехаш лундаи ғафс (1-4 см). Баргаш (2-5-то) нештаршакл (бараш 0,8-3 см). Хӯшагулаш чатрнамо (қутраш то 25 см); гулпояаш дароз (аз 1 то 20 см), гулаш майдаи сафедтоб ё гулобӣ. Ғӯзааш майда (бараш тақр. 4 мм). Апрел — май гул мекунад. Маъмулан, дар нишебиҳои санглоху регзори кӯҳҳо, буттазору ҷангали гармсер, алафзори дашт (қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Қурама, кӯҳи Муғул ва воҳаи дарёи Сир; дар баландии 400—1400 м аз с. б.) нумӯ меёбад.

Корбурдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар гулпарварӣ тавсия шудааст. Солҳои пеш аз пиёзаки гулпиёз ширеш тайёр карда барои часпондани пӯст, коғаз, шиша ва ғ. истифода мебурданд. Гулпиёз таъми нохуш дорад. Табибони халқӣ гулпиёзро гиёҳи шифобахш мешуморанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Комаров Б. М. Определитель растений Северного Таджикистана. Д., 1967;
  • Ханнеке Вайн Дейк, Минеке Курпершок. Луковичные растения. М., 2003.