Cаттори Набиҷон
Cаттори Набиҷон | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 5 май 1917[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1986[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | донишёр[1] (1968) ва Candidate of Philology[d][1] (1970) |
Алма-матер: |
Саттори Набиҷон (тав. 05.05.1917, шаҳри Истаравшан – ваф. 1986), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1968), дотсент (1970).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1940 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1941–1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Яке аз деҳаҳои Украинаро ба хотири ӯ Николай Сатторенко (дар давраи ҷанг бо ҳамин ном машҳур буд) номгузорӣ кардаанд. Солҳои 1949–1967 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба сифати муаллими калон кор кардааст. Солҳои баъдӣ муаллими кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд. Муаллифи зиёда 50 рисола ва мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо ордену медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои озод кардани Будапешт», «Барои озод кардани Вена», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Осор[вироиш]
- Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ, Д., 1960;
- Корҳои контролӣ барои студентони ғоибхон, Д., 1961.
Пайвандҳо[вироиш]
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1917
- Зодагони ноҳияи Истаравшан
- Даргузаштагони соли 1986
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои нопурра дар бораи олимон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон