Jump to content

Ангудон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ferula assa-foetida)
Ангудон
Ferula assa-foetida
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ferula assa-foetida L., 1753
Мутародифот

Ангнудон, анҷудон, анғӯза, гандабӯ, каврак (лот. Férula assa-fóetida) — гиёҳест худрӯи бадбӯй (махсусан беху мевааш).

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бехаш турбмонанд, ғафс. Пояи рост (то 120 см қад мекашад), ғафс (қутраш 5 – 8 см) ва камшох дорад. Баргаш нарм (рӯяш бепашмак, пушташ серпашмак), зуд пажмурда мешавад; барги пояаш нисбат ба баргҳои қисми болотари поя калон (дарозиаш то 40 см), думчадор. Гулаш 5-баргаи зардча (моҳҳои март – апр. мешукуфад). Асосан дар минтақаи шибоғ, боялиҷу ушнонзори биёбон, алафзори дашт, саксавулзор, регзор, доманакӯҳи зардхок ва гилхоку регхоки воҳаи дарёи Сир ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 350 – 900 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Ангудон дар шароити тибиӣ аз тухмаш мерӯяд; соли 8 – 9-ум як маротиба гул карда, мева мебандад (апр. – май), сипас тамоман нобуд мешавад (рустании монокарпӣ).

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самғ ва шираи хушки беху пояи ангудон аз қадим бо номи «хилтит» дар тибби Шарқ машҳур аст. Онро дар байни бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб харидуфурӯш мекарданд. Дисқуридус (Диоскорид; ангудон 1 м.) хабар додааст, ки решаву пояи ангудонро бурида, шираашро ҷамъ меоваранд, беҳтарини он бояд соф, сафедтоб бошад ва зуд ҳал шавад. Абуалӣ Сино самғи ангудонро (бо омехтаи дигар доруҳо) барои муолиҷаи дарди мафосил, фалаҷ, ярақон, захми рӯда ва касалиҳои пӯст (шукуфа, думмал ва ғайра) истифода мебурд.

Табибони халқӣ бо самғи ангудон саръ, савдоӣ, зиқи нафас, сил, рагкашӣ, хала, миёндард, ҷароҳати бадан, касалиҳои пӯст (мас., пес) ва ғ-ро табобат мекарданд; барги навсабзашро бо ҷурғот омехта, ба шахсони гирифтори «оташак» ва саратон медоданд. Бехашро дар оташ пухта, ба омос мебанданд, самғаш киҷҷаро меронад.

Пояи сероби навраси ангудонро (монанди ров, рошак, касруф) қазоқҳо мехӯранд, обаш ташнагиро мешиканад. Форсҳо ва ҳиндуҳо самғашро чун хӯриш ба таом меандозанд. Дар замонҳои пеш аз нахи бехи ангудон арғамчин мебофтанд.

Чорво ангудони тару тозаро намехӯрад. Баргашро реза карда мехушконанд ё силос мехобонанд. Баргу меваи онро барои зимистонгузаронии чорво захира мекунанд. Аз ҳар бехаш 0,5 – 1 кг мева меғундоранд, ки хеле серғизо (серсафедаву серравған) аст. Самғи ангудон шири говро меафзояд.

Таркиби кимиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шираи бехи ангудон 9 – 65% зифт, 12 – 48% самғ, 5,8 – 20% равғани эфир, кумаринҳо ва ғ. дорад. Равғани эфираш аз пайвастҳои сулфидҳои органикӣ (то 65%) иборат аст; аз он бӯи сир меояд. Дар решаи ангудон то 67% оҳар, то 9% зифт (0,4%-аш равғани эфир) ҳаст.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.