Горилла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Gorilla)
Горилла
Гориллаи ғарбӣ (Gorilla gorilla)
Гориллаи ғарбӣ (Gorilla gorilla)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Gorilla Geoffroy, 1852
Мутародифот
  • Troglodytes gorilla
  • Pseudogorilla Elliot, 1913
Ареал
тасвир

Гори́лла (лот. Gorilla) — бузургтарин маймуни одамшакл. Мансуби қатори приматҳост.

Тавсифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Қади наринааш то 175 см, қулочаш то 260 см, даври қафаси синааш 152 см, вазнаш 135—180 (дар шароити сунъӣ — то 300) кг; модинааш хурдтар аст (вазнаш 75-110 кг). Ҳаҷми косахонаи сараш 500—600 см3 (баъзан то 752 см3), мағзи сараш ба мағзи сари одам шабоҳат дорад. Пашмаш сиёҳ, фарқи сараш дорчинӣ, тахтапушташ хокистаррангорилла Сараш калон, устухони тоқи абрӯяш барҷаста, ҷуссааш бузургу пурқувват; дастонаш нисбат ба пойҳояш дарозтаранд. Бинобар дар замин зиндагӣ кардан, бисёр аломатҳои горилла ба одам монанд шудаанд. Адади хромосомаҳояш — 48. Горилла дар Африқои Экваторӣ маскун буда, се зернамуд дорад: гориллаи даштии ғарбӣ, гориллаи кӯҳӣ ва гориллаи даштӣ. Гориллаҳо дар ҷангалзори тропикӣ ва кӯҳӣ гурӯҳ-гурӯҳ (5-30-сарӣ) зиндагӣ мекунанд; сардори ҳар гурӯҳ гориллаи нарина аст. Асосан дар замин ҳаёт ба сар барад ҳам, гоҳо ба дарахт мебарояд. Горилла қоматашро рост карда мисли одам метавонад бо ду пой гардад, вале маъмулан, бо чаҳор пой роҳ меравад. Ғизои горилла меваҳои гуногун, бамбук, чормағз, ҳашарот ва ғ. аст. Модинааш дар 10-12, наринааш дар 11-13-солагӣ болиғ мешавад. Дар ҳар 3-5 сол як бача (вазнаш 2 кг) мезояд. Даври ҳамлаш 250—290 шаборӯз. Горилла дар озодӣ 25-30 сол умр мебинад. Дар натиҷаи бераҳмона нест кардан саршумори гориллаҳо кам мондааст, бинобар ин ҳимоя карда мешаванд. Дар шароити сунъӣ худро бад ҳис мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]